Фарзияи усто Салим

Пас аз хӯрдани ош, пиёлаи чойи кабуд дар даст полковник ба Анӯшервон бо як салобате , ки одатан хоси хизматчиёни ҳарбӣ аст, муроҷиат намуд.
-
Писарам, хуб шуд, ки дӯстамон Салимҷон шуморо даъват намуд, зеро нуқтаи назари шумо, чун намояндаи насли солҳои 80-ум, яъне насли ҷавон барои мо хело зарур аст. Мо, ки аллакай аз шаст гузаштаем, шояд бо сабаби надонистани тамоюлҳои муосир, баъзе чизҳоро субективона баҳо медиҳем ва кӯмаки шумо барои равшанӣ андохтан дар масъалаҳои ҳалталаб айни муддаост, зеро «ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, машварат идроку ҳушёрӣ диҳад» гуфтаанд бузургон, - сухан намуд полковник.
Анӯшервон аз яку якбора ба тарафи ӯ назар андӯхтани полковник пай бурд, ки ҳоло барояш кадом як масъалаеро кушода медиҳанд. -
Қабл аз шунидани фикратон, писарам, мехостам
дар бораи он баҳсе, ки ҳафтаи гузашта дар ҳамин ҷо ба
миён омад, гуфта гузарам. Хоб, ки бошад, шурӯъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё