Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аламовараш дар он аст, ки аз ин роҳи гурез нест, зеро сарчашмаи ҳама майлу хоҳишҳо моро пурра иҳота намуда, ягона роҳи гурез пинҳон шудан дар чуқурӣ ё худ паноҳгоҳе мебошад, ки умуман аз экранҳои таъсиркунанда дур бошад.
Аз чӣ сабаб бошад, ки пас аз калимаи «паноҳгоҳ»
гуфтан, усто бо чашмони ялаққосиаш ба ҳамсуҳбаташ нигоҳ намуда, лаҳзае хомӯш шуду боз суҳбатро, аниқтараш лексияи дурмадарозу ҳамзамон ҷолибашро, ки дар асоси тарс, мушоҳидаҳо, ғаму андӯҳи, замоне аз сабаби зарбаи сахти рӯҳӣ ба миён омадааст, идома дод. Анӯшервон, ки бодиққат ҳамсуҳбаташро гӯш мекард, усторо барои идомаи сухан тавассути ишораҳои сар ҳавасманд мекард. Соат тақрибан даҳи шаб, ҳаво низ салқинтар шуда буд ва дар кӯчаҳои шаҳр нақлиёт камтар ба назар мерасид. Аммо тамоми ҳастии усто ташнаи суҳбат буд ва бояд онро то охир гӯш кард.

пешина
аз 161
навбатӣ