Фарзияи усто Салим

Ман бошам мегӯям, ки ин рекламаи сабил барои истифода бурдани қобилияти озодона фикрронӣ ва муҳимаш аз рӯи хоҳиши худамон интихоб намудани маҳсулот ё хизматрасонӣ халал расонда, дар охир боиси аз даст додани мустақилият мегардад. Ин лавҳаҳои рангоранги маҳсулот, ин рекламаҳои садодору бесадо моро гипноз мекунанд. Гӯё чизе намерасида бошад, дар мо як навъ ҳиссиёти номукаммалиро бедор месозад, зеро имкони харидорӣ намудани мошинҳои гаронқиммат, либос, ашё ва ҳар навъ маҳсулоти рекламашударо надорем.
Нохост телефони Анӯшервон садои баланде баровард ва усто як қад парида, дарк кард, ки тӯли ин соатҳо ҳамсуҳбаташ бо телефони фаъол дар наздаш будааст.
– Ту магар хомӯш накардӣ ин шайтонтаҷҳизотро?
Ҷин занад! Ҷин занад! – гӯён чизеро гум кардагӣ барин қадамҳояшро калон-калон партофтаву баъд аз лаҳзае мисли барқ нопадид шуд. Ҳамин тавр, як суҳбати аҷоиби усто доир ба таблиғу мушоҳидаҳояш канда гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё