Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар қабулгоҳ, ки иборат аз толори васею равшани даромадгоҳи бино буд, дар роҳаткурсии чармин, ӯро зани тақрибан 60-солаи нуронӣ, ки шахси кордон менамуд, интизораш буд. Дар баробари наздикшавии Анӯшервон, ин зани баландқомат аз ҷо саросемавор бархост.
– Ассалому алайкум, писарам, ман Сабоҳат Мухторова, узри зиёд, ки худро чун дӯсти деринаатон муаррифӣ намудам, зеро дигар баҳонае ёфта натавонистам... Шумо маро намедонед, аммо ман дар бораи шумо бисёр шунидаам, – гуфта овозашро то дараҷае, ки имкон дорад, паст карда бо ду чашмони калони қаҳварангаш ба чашмони ҳамсуҳбаташ нигоҳ карда суханро идома дод.
Анӯшервон аз ин рафтори аҷоиби ин зани калонсолу оҳанги маҳрамонаи суҳбат чӣ гуфтанашро надониста, танҳо ду чашмони бе он ҳам калонашро боз ҳам калонтар намуда, бодиққат гӯш медод. Агар шахсе аз дур ба ин ду нафар назар мекард, яқин ба хусолае меомад, ки кордиҳанда бо зердасти худ кадом як масъалаи муҳими корхонаро муҳокима дорад.

пешина
аз 161
навбатӣ