Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ин боғ расидан ба тамоми марказҳои фаҳангӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, чойхонаву идораҳо хело осон аст. Соат аз шаш гузашта буд, Анӯшервон дар даромадгоҳ сайёҳони зиёдеро дид, ки суратгирак дар даст гурӯҳгурӯҳ ба самти маркази боғ равон буданд.
Моҳи август, соат шаши бегоҳ, ҳаво ҳанӯз гарм аст, одатан шаҳрвандон дертар, пас аз соати ҳашти бегоҳ дар боғ сайругашт мекунанд. Анӯшервон ба фаввораи марказӣ наздик шуда зери шаббодаи он лаҳзае қарор гирифт, ба гулҳои рангорангу тару тоза ва сабзаи зиёд назар афрӯхта, асабашро каме ором намуд. Бӯи хуши садбарг ба машоми ӯ расида, ногаҳон хоҳиши чашидани яхмос пайдо шуд. То мулоқот 10 дақиқаи дигар буд ва ӯ ин лаззатро ба худ иҷозат дода, яхмоси навъи «Пломбир»-ро, ки панҷ қадам дуртар мефурӯхтанд хариду нӯши ҷон намуд.
Пас аз хӯрда тамом кардани яхмос, оромона ба самти пайкараи Абӯабдуллои Рӯдакӣ қадам монд, ки аз қафояш Сабоҳат Мухторова садо кард.
– Узри зиёд, ман каме аз паси шумо назорат кардам, зеро бояд бовар ҳосил менамудам, ки танҳо омадаед, акнун биёед ягон ҷои хилватро ёфта суҳбат кунем,-хоҳиш кард зан.

пешина
аз 161
навбатӣ