Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Анӯшервон, ки ҳақиқатро фаҳмиданӣ буд, барои ҷустуҷӯи хараки холӣ саросемавор ҳаракат кард, зан низ аз вай дур нашуда, дукаса тез-тез қадам гузоштанд. Соат аллакай ҳашти бегоҳ шуда буд, дар боғ оилаҳои ҷавон, кӯдакону пиронсолон, ҷавонон ва умуман шаҳрвандону меҳмонони дуру наздик сайругашту истироҳат мекарданд ва аз ин сабаб пайдо кардани ҷои камодам хело душвор буд. Дар ниҳояти кор, пас аз дақиқаҳои ҷустуҷӯ хараки холӣ пайдо гардида, Анӯшервону ҳамсуҳбаташ ба рӯи харак нишастанд.
– Апаҷон, биёед ин тавр мекунем, шумо бонуи мулоҳизакор менамоед ва ман низ ҳамеша тарафдори он ҳастам, ки ҳамсуҳбатон ҳар чӣ зудтар умқи масъаларо баррасӣ карда ба ягон натиҷаи аниқе бирасанд, аз ин лиҳоз агар шумо зид набошед, биёед ба эҳсосоти зиёд дода нашуда, мушкилотро фаҳмем ва кӯшиши ҳалли онро пайдо кунем. Ман мефаҳмам, ки шумо бародари ягонаатонро хело дӯст медоред ва ҳиссиёти бузург вуҷуди шуморо пурра фаро гирифтааст, ман ин чизро мефаҳмам, зеро мо одам ҳастем ва ғам хӯрдан хоси инсон аст, аммо барои кумак расондан ба Салимбобо мо бояд ботамкин бошем, – бо ҷиддият суҳбатро оғоз намуд Анӯшервон.

пешина
аз 161
навбатӣ