Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Овози зан меларзид, бо дастмолак ашки чашмонашро пок карда, як нафаси чукур баровард, – ман шуморо фаҳмидам, писарам, кӯшиш мекунам, ки ба эҳсосот дода нашуда, тезтар дарди диламро ба шумо изҳор кунам.
– Маълумоте, ки ҳоло ман ба шумо мерасонам, комилан махфӣ буда, дар сурати ошкор шудани он муносибати ман ва бародарам пурра вайрон мешавад.
Мумкин шумо аллакай мушоҳида кардаед, ки чӣ гуна бародарам аз технологияҳои муосир, аз ҷумла телефони мобилӣ, компютер ва умуман чизҳои электронӣ дар ҳарос аст ва ҳатто фарзияе дорад, ки тамоми бадбахтиҳои одами муосир маҳз бо сабаби экранҳо аст. Ин чиз албатта барои шунаванда сафсата менамояд мо низ дар аввал ӯро аз доми ин тарсу фарзияҳояш хостем наҷот диҳем, аммо натавонистем, сол то сол ӯ дар мавқеи худ боз ҳам устувортар меистод. Бародарам на ҳамеша чунин соддалавҳ буд, ӯ мисли ману шумо зану фарзанд дошт.

пешина
аз 161
навбатӣ