Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мо гумон кардем, бо мурури вақт ӯ мисли пештара мешавад, аммо бародарам ким-чиҳо мегуфтагӣ шуд, чашмонаш бегона, аз наздикону атрофиён канораҷӯӣ мекард. Бо мутахассисону равоншиносон ин ҳолатро муҳокима намудем, аммо ягон нафар кумак карда натавонист, зеро бародарам аз ин кумак безор буд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки пас аз ғаму андуҳи зиёд ё фалокате инсон ба чунин ҳолат гирифтор мешудааст. Давомашро шумо медонед, ӯ сабаби ин бадбахтии худро дар лаппишҳои электромагнитӣ ё мавҷҳои электромагнитӣ, ки аз телефону асбобҳои электроникӣ ҳосил мешаванд, дида, марги азизони дилашро, низ бо ин мавҷҳо пайваст мекард. Албатта ин фарзия исбот нашудааст, лекин усто Салим ин фикрро мустаҳкам қапида, монанди олими соҳаи физика ё тиб, ба ном тадқиқотҳои худро низ мегузаронд, – вазъиятро мефаҳмонд зан.
Анӯшервон, ки тӯли ин вақт ҳамсуҳбаташро бодиққат гӯш мекард, дафъи дуюм низ аз гиряи дилсӯзи ин зан, ки яку якбора ба рафти суҳбат монеа шуд, дилтанг шуд.

пешина
аз 161
навбатӣ