Фарзияи усто Салим

– Худатонро ба даст гиред, тақдирашон чунин будааст, – гуфт Анӯшервон.
Зан, ки тамоми қувваашро барои ором шудан равона карда буд, як нафаси ҷуқур кашиду, ниҳоят осуда шудан барояш муяссар гардид.
– Акнун шумо аз суханоне, ки ман мегӯям ҳайрон нашавед, – бо овози паст гуфт зан.
– Бародарам паноҳгоҳ сохтааст, ман оид ба ин чиз ду рӯз пеш фаҳмида будам, аниқтараш худи ӯ ба ман иқрор шуда гуфт, ки ба наздикӣ бо мо хайрухӯш карда меравад, ба куҷо меравад гуфта пурсон шавам, ҷавоб дод, ки ба паноҳгоҳаш, аниқтараш зери замин. Ин паноҳгоҳ аз куҷо пайдо шуду дар куҷо ҷойгир аст, ягон кас намедонад. Танҳо ҳамон рафиқони аблаҳаш ба ном профессору полковник медонистаанду халос. Маҳз бо кӯмаки молии онҳо ин паноҳгоҳ сохта шуд. Сохтмон чанд сол боз давом доштааст ва ба ғайр аз ин се нафар ҳеҷ кас намедонад, ки он чӣ чиз асту барои чӣ лозим аст.
Ногаҳон, Анӯшервон суҳбати худро бо усто оид ба зарари реклама ба хотир овард, ки мӯйсафед калимаи паноҳгоҳро истифода бурд. Ин ҷо чӣ сире ҳаст, – тахмин намуд ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё