Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Се пирамард, ба монанди шерҳои пири африқоии ба шери ҷавони густох чун рақиб назар андӯзанда, чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Бори аввал буд, ки тӯли муҳокимаҳо ба фарзияашон чунин зарба зада шуд. Ин чизро на усто Салим ва на полковнику профессор интизор набуданд.
Пас аз лаҳзаи хомӯшӣ, усто Салим оромона гуфт.
– Писарам, фарзияи ман аз мушоҳида ва таҷрибаи зиндагии тӯлониям ба вуҷуд омадааст ва қабули он маҷбурӣ нест, зеро ин воқеият аст ва воқеиятро қабул кунӣ ё накунӣ, ту аллакай воридаш ҳастиву он пурра фарогирандаи туст… Оид ба он фоидае, ки башарият аз телефони мобилӣ ба даст овардааст, фикр баҳснопазир аст. Ман ҳам тарафдори ин фикрам, ки бе телефони мобилӣ, инсони имрӯза як қадам гузошта наметавонад, лекин мушкилот маҳз ҳамон вобастагии инсон аз телефони мобилӣ аст. Шумо бисту чор соат бояд суҳбат накунед-ку? Чаро тарофаҳои зиёде бо як олам пешниҳодҳои дуру дарози бемаънӣ ва паёмакҳои нодаркори гумроҳкунанда, ки мағзи сари одами муосирро олуда мекунанд лозим бошанд? Боре фикр накардаед, ки барои донишчӯ панҷсад дақиқа ё ҳазор дақиқа суханронӣ тариқи телефон чӣ лозим аст?

пешина
аз 161
навбатӣ