Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Пул насӯзад» гӯён, даркору нодаркор, инсон маҷбур бояд гап занад ин 500 дақиқаро. Бо одами зинда суҳбат кунад хуб нест магар? Шумо дуруст гуфтед, ки маълумоти имрӯза пагоҳ, аллакай нодаркор мешавад, чун тавассути технологияи нав дастрасӣ ба маълумот чунон босуръату саривақтӣ шудааст, ки барои гӯш кардани дуру дароз имконият нест. Инашам дуруст, лекин оё ин чиз сифати худи ҳамон маълумотро коста намекунад магар? Инсон аллакай қобилияти таҳлил намудани маълумотро гум карда, танҳо қабули миллионҳо маълумотҳои нодаркорро дораду халос.
Гумон мекунед ҳама дар телефон тариқи интернет китобҳои бадеӣ ё илмӣ мехонанд? Албатта не, зеро таваҷҷуҳи аксарияти корбарони ин телефонҳои муосир маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст, суҳбати онҳо бо ҳарфҳо ва паёмаку суратчаву лухтакчаву дигар тасвирҳои ранга аст, ки тавассути он ҳиссиёти бофтаро таҷассум менамоянду халос. Ана ин аст мадҳушӣ аз экран, ҳамсуҳбатат одами зинда нею, танҳо экран буда, ҳиссиёту амалҳои бофтаи дурӯғини он вуҷуди инсонро низ сохта мекунад.

пешина
аз 161
навбатӣ