Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Анӯшервон, ки тарафдори баъзе фикрҳои зикрнамудаи усто Салим буд, барои нигоҳ доштани эҳтироми калонсолон, хомӯшона гӯш мекарду дар фикри овардани боз кадом далелҳои қатъӣ буд. Зеро усто Салим дуруст қайд намуд, ки асосан
7 смартфонҳоро маҳз барои истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамошои видеоҳои мусиқӣ, наворҳои кӯтоҳу фачу бемаънӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ саропо аз он пур шудаанд, истифода мебаранду халос, китоби одиро нахонда, боз аз интернети пулакӣ истифода бурдаю тариқи телефон китоб хондан, ин гуна одамон ангуштшуморанд аз фикраш мегузаронд Анӯшервон.
Полковник низ дар давоми суҳбати усто Салим илова намуд.
– Як чизи одӣ, писарам, ҳозир инсони бе телефон ё смартфонро дидан тақрибан номумкин аст ва телефон доимо дар ҷайб ё дар ҷоест, ки на беш аз як метр дурӣ ҷойгир аст, ҳамин хел не? – гӯён ба Анӯшервон нигоҳ кард – ин тавр ки бошад, мавҷҳои электромагнитии

7 Смартфон-телефони мобилӣ, ки тамоми барномаҳо ва имкониятҳои компютерро дорад.

пешина
аз 161
навбатӣ