ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чу андар Мадҳпуре гӯшашинам,
Гул аз боғи баҳори ӯ бичинам.
Агарчи пеш аз ин ин достоне
Ба наср овардаам дар як замоне,
Кунун хоҳам, ки дар назм оварам боз,
Шавам з-ин достони пок мумтоз.
Саввумин шоири бедилтахаллусе, ки дар муҳити адабии асри XVII Ҳиндустон зиндагӣ ва эҷод намудааст, Хоҷамуҳаммади Бедил аст, ки ба қавли Нурулҳасани Ансорӣ, асари насрие бо номи «Ҳусну дил» аз ҷумлаи таълифоти ӯст (Ниг.: Ансорӣ, асари зикршуда).
Чаҳорумин шоири бедилтахаллус, ки асри Мирзо Абдулқодири Бедилро дарёфтааст, Муҳаммадшафеъ Бедили Мултонӣ ном дорад. Ба қавли муаллифи тазкираи «Мақолатушшуъаро» (1174-1760-61) Миралишер Қонеъи Татавӣ, ин шоир аз шогирдони Муҳаммадоқил Яктои Лоҳурӣ (асри XVIII) будааст, ки дар байни солҳои 1137 –1143-(1724- 1731) дар шаҳри Таттаи Синд дар мулозимати ҳокими он ҷо Сайфуллохон ба сар мебурдааст.
Қонеъ навиштааст, ки чун Бедили Мӯлтонӣ ба Татта омад, шахсе аз ӯ пурсид, ки Бедил муддатест аз дунё гузаштааст, ту аз куҷо пайдо шудӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки магар бедилон дар ҷаҳон каманд? Қонеъ аз ашъори ин шоир ҳамагӣ як байт овардааст, ки ин аст:
Ҷисм монеъ нест парвози дили ворастаро,
Қатра аз чандин масофат худ ба дарё мерасад.
Аз шоирони бедилтахаллуси Ҳиндустони асри XIX маъруфтарин ва сермаҳсултаринашон Фақир Қодирбахши Бедил аст. Доир ба ин шоир дар рисолаҳои Абдуллоҷон Ғаффоров «Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри XIX ва АСРИХХ» (Душанбе, 1975) ва Ҳарумал Садорангонӣ «Порсигӯёни Ҳинду Синд» (Теҳрон, 2435 шоҳаншоҳӣ) маълумоти мухтасаре мавҷуд аст. Тибқи навиштаҳои ин муаллифон, Фақир Қадирбахши Бедил дар соли 1230 ҳиҷрӣ (1815) ба дунё омада, дар соли 1289 (1872) падруди ҳаёт гуфтааст. Ӯ аз ҷумлаи сӯфиёни намоёни тариқаи қодирияи асри худ ба шумор мерафтааст.
Фақир Қодирбахш ба забонҳои арабӣ, синдӣ, урду ва форсӣ осори зиёде навиштааст. Ӯ дар осори арабӣ Қодир, дар синдиву урду- Толиб ва дар форсӣ Бедил тахаллус мекардааст. Аз осори форсии ӯ ду девони ашъор, маснавиҳои «Наҳрулбаҳр», «Румузулорифин» ва «шарҳи манзуми қасидаи Ғавсия»-ро метавон ном бурд. Муҳимтарин ва машҳуртарин манзумаи Фақир Қодирбахши Бедил қиссаи «Ҳир ва Ронҷо» мебошад, ки дар асоси қиссаи машҳури панҷобӣ дар шакли қофиябандии қасида иншо шудааст. Бино бар қавли Абдуллоҷон Ғаффоров, шоир дар ин асар «аз баёни қиссаи тӯлонии Ҳир ва Ронҷо сарфи назар карда, фақат лаҳзаҳои муҳими ҳикоятро хеле завқовар баён намудааст». «Ҳир ва Ронҷо» бо мисраъҳои зерин оғоз меёбад:
Зи ҳар чӣ хома нависад ба номаи даврон,
Саводи ҳарфи ғами ишқ хуштар аст, бидон.
Навиштаанд чунон достони Ранҷову Ҳир
Ба хомаи гуҳарафшон муаррихони замон,
Ки буд шаҳри Ҳазора ҳаволии Лоҳур
Ба зери ҳукми яке ҳокими ҳуҷастанишон.
Варо чаҳор писар буд, чаҳорумин Ронҷхон,
Ки дошт одати меҳмоннавозию эҳсон…
Фақир Қодирбахш дар сурудани ғазалҳои ошиқона низ маҳорати хубе доштааст. Намунае аз ғазалиёти ӯ ин аст:
Эй ишқ, биёву сафдарӣ кун,
Шамшер бикаш, сикандарӣ кун.
Бо рӯе, ки рашки офтоб аст,
Аз Машриқи сина ховарӣ кун.
Аз рӯй ниқобро барафкан,
Пирояи Шарми дилбарӣ кун.
Охир, кӣ туро бигуфт, эй ҷон,
Бо аҳли назар ситамгарӣ кун?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё