Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пуштаҳои қишлоқ хобида ҳафт пуштам.
Эй кош мегирифтам ҳар пуштаро ба пуштам.
Як дам агар накардам қишлоқро фаромушт,
Гуфтӣ ту, мезанад сахт калтути он маро мушт.
Гирди мазори модар даҳ сол ман нагаштам,
Даҳ сол ман нагаштам гирди мазори додар.
Ҳар як гули сияҳгӯш чун хоҳари сияҳпӯш
Дар орзӯи ман буд даҳ сол дидааш тар.
Бе ман дар ин қадар вақт гӯри падар фурӯ рафт,
Токи падар баромад, аз боғ кӯ ба кӯ рафт;
Ангури лаълаш акнун аз хуни синаи ман,
Ангури ҷавзаш акнун аз ашки дидаи ман.
Гардуни ғурбатамро ман пора-пора дидам,
Чун шишаи шикаста, чун шишапора дидам,
Чун шиша мезанад раг, чун шишапора тез аст,
Чун шиша мекунад хун, чун шиша хунрез аст.
Боре наорамидам ман дар канори Ором,
Ҳар қадр мавҷи обаш пои маро набӯсид,
Беҳ аз Хами Мазорам ку ҷои орамидан?
Чун мӯмиёӣ одам дар хоки худ напӯсид.
Борони ғурбати ман даҳ сол кам наборид,
Сабзид устухонам, шохи қалам насабзид,
Баъд аз ту, эй Душанбе, ман шеъри тар нагуфтам,
Дар шаҳри ғурбати ман ҷуз хори ғам насабзид.
Наврӯзи навзамонро ман зинда карда будам,
Даҳ сол ман валекин Наврӯзро надидам,
Обу ҳавои ғурбат кай софу муътадил буд,
Дар шаҳри ғурбати ман ман рӯзро надидам.
Даҳ сол ман кӣ будам? –
Побанди нотавонӣ,
Шояд маро кушоянд чун мурғи осмонӣ
Дар ҷашни дилфурӯзи Наврӯзи бостонӣ,
Наврӯзи достонӣ, Наврӯзи ориёнӣ.
Зиёрати қишлоқ
Баъди даҳ сол омадам муштоқ
Аз ғарибӣ зиёрати қишлоқ,
Ба димоғам расид рӯёрӯ
Бӯйи пӯдина, бӯйи шафтолӯ.
Қад-қади роҳҳои хокии ман,
Қад-қади рӯзҳои покии ман
Хокро тоб дода мечарханд
Ҳамчу ғалтак аҷинабодакҳо,
Ҳамчу кӯдак аҷинабодакҳо.
Шохи шаҳтут пухта хунолӯд
Ҳамчу бинии кӯдакии ман,
Дар раги шоирии ман ҷорист
Хуни ин тут,
Хуни ин шаҳтут.
Бар дари кулбаҳо сафедорон
Сарашон нарм-нарм дар ҷавлон,
Осмонро ту гӯйӣ мерӯбанд,
Ҷорӯбанд.
Хонабонанд ин сафедорон,
Чашм доранд ин сафедорон,
Ҳамчу чашмони духтари қишлоқ
Сурмаҳо аз хок.
Дастҳои чанори пирашро
Ба зиёрат гирифта мебӯсам,
Ҳамчу пазмон гириста мебӯсам,
Ба дида мемолам.
Ва сарамро дурушт мехорад
Дастҳои чанори тобистон
Зайли як дасту панҷаи деҳқон.
Чашмаҳо, чашмаҳо!
Дуруд, дуруд!
(Дурбинҳои кӯдакии ман,
Дурбинҳои кӯдаконаи ман.
Осмонро чу чашмаи чик-чик
Дурбине намекунад наздик.)
Абрҳоро, ки дар шумо дидам,
Кай чунон абр дар ҳаво дидам.
Кӯдакиро вале намебинам
Дар шумо, дурбини деринам.
Ҳавзи обаш, ки ҳавзи найзор аст,
Нест найзор, як қаламзор аст,
Нест найзор, як қаламдон аст.
Ҳамқаламҳо агар надорам ман,
Як қаламдон пур аз қалам дорам.
Кавараш пухта лаб-лаби ҷарҳо
Даҳанаш ғарқи хун механдад,
Тарбузакҳои кӯдакии ман.
Зоғҳо ошёна гум карда
Дар ҳаво ошёна меҷӯянд,
Бехатар нӯги як дарахти азим –
Ҷойгоҳе, ки дар ҳаво холист,
Ҷои садсола чормағзи азиз.
Фавҷи мӯраш ҳанӯз бехотир
Дар ду пои ту ришта мебандад,
Ба замин ҳамчу банди мӯри сиёҳ
Ҳеҷ банде туро намебандад.
Мӯрҳо, ҷӯраҳои куҳнаи ман
Даҳ сари сол шуд, ки мехоҳам
Бо шумо дастакӣ салом кунам,
Ҳамчу мӯре ба дасти мӯрона,
Ҳамчу мӯре саломи мӯрона,
Рӯбарӯ, мӯбамӯ, рафиқона.
Қалъаи кофир, эй мазористон
Қабру қурғони кӯзаҳои сафол,
Қабру қурғони косаҳои сафол,
Қабру қурғони тангаҳои қадим.

пешина
аз 110
навбатӣ