Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ХОНАҚОҲИ МАН
Ростӣ, фарзанди ман сураткаши хуб аст,
Хуб сурат мекашад, аммо
Сураташро дар чи деворе биовезад, намедонад,
Мо, ки деворе надорем,
Хонабардӯшем.
Ростӣ, ман ҳам чу пири хаста мехоҳам гузорам
Як нафас, як лаҳза пуштамро ба девор.
Ҳафт пушти ман, ки дар гилхонаҳо гилкорӣ мекарданд,
Ба гил рафтанд.
Гар ба девори касе хушкида нақши панҷае боқист,
Нақши панҷаи онҳост.
Ҳафт пуштам мардуми деворие буданд,
Лек дар пуштам на деворист, на девор.
Дар Ватан аз шоирон як шоири зиндонӣ ман будам,
Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.
Ҷомаи ман бӯи зиндон мекунад то ҳол,
Бо чи собуне бишӯям ҷомаи худро?
Аз хароши симхораш дастҳоямро агар бастам,
Чун бибандам ин даруни пурхарошамро?
Чун бибандам ин даруни реш-решамро?
Дар қафои чашмаки зиндон, ки ҳамчун чашми сӯзан буд,
Аз тамоми чеҳраҳо як чеҳраи Гулчеҳраро ман дида будам, будам,
Аз тамоми чеҳраҳо як чеҳраи Гулчеҳраро бӯсида
Бӯсаам дар чашмаки зиндон намеғунҷид.
Аз Ватан вақте ки мерафтам,
Субҳи бефайзаш намоён буд,
Бар сараш барфи нахустини зимистон буд.
Ин ки гуфтам дар ҷавонӣ мӯсафедам кард,
Дар ҷавонӣ мӯсафедаш карда худ якбора дар як шаб,
Хуб пираш карда худ якбора дар як шаб.
Субҳи бофайзе, ки ман бори сафар бастам,
Субҳи рӯи кӯдаконам буд,
Духтари ман ахтари ин субҳи содиқ буд.
Аз Ватан вақте ки мерафтам,
Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт,
Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.
Гуфтам: аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи Ватанро,
Баъд аз ин, бигзор, бигзор,
Ман набинам рӯи ӯро,
Ӯ набинад рӯи манро.
Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ
Хат кашам акнун,
Вале он шишаро нохост бӯсидам,
Чун дилам мехост, бӯсидам,
Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо намегунҷид.
Аз Ватан рафтам,
Валекин дур рафтан аз ватан имкон надорад,
Мекашад чун зодбуди меҳрубон меҳраш,
Гарчи бо ман меҳрубон кам буд.
Чун тавонам аз замини ҳамрагу ҳамхуни худ бигрехт?
Чун?
Ки дар нофи заминаш хуни нофам рехт.
Дарди ҷонкоҳам, ки аз он ҷост, дармони ман он ҷост,
Реши хуншорам, ки аз он ҷост, дорӯи ман он ҷост,
Заҳри чандонам, ки аз он ҷост,
Нӯшдорӯи ман он ҷост.
Зодгоҳам дар сари кӯҳи сафеди Ширбияш тӯтиё дорад,
Дар сари кӯҳи Зарафшон мӯмиё дорад,
Дар сари ҳар пушта аз рангинкамон чархофалак дорад,
Кӯзаи моҳи шабаш шири малак дорад,
Зодгоҳам оби гарму оби шӯрак дораду заррингиё дорад.
дорам.
Дар қатори фавҷи мӯраш ҳамқадам дорам,
Балки ман дар он қаламрав сад найистон ҳамқалам
Лангари дуру дарози турнаҳои навбаҳораш ку?
Чок-чоки чокаки шабзиндадораш ку?
Кӯчаҳои Каҳкашони пахтазораш ку?
Пуштаи хоке, ки хоки хоксори қиблагоҳам буд, ку?
Хонаи ман – хонақоҳам буд, ку?
Ку сафедорони анбӯҳи саропо чашм –
Чашми пурмеҳру муҳаббат?
Ку чанорони саропо панҷаи даст –
Панҷаи дасти мададгор?
Аз Ватан рафтам,
Валекин дур рафтан аз ватан имкон надорад,
Мекашад хокаш;
Аз кашиданҳои хокаш набзи ман кандаст,
Зарбати набзам мураттаб нест,
Зарбати қалбам мураттаб нест.
Аз Ватан рафтам, валекин мекашад хокаш,
Хоку хошокаш.
ДАҲ СОЛ МАН
НАБУДАМ…
Даҳ сол гул начидам аз пуштаҳои қишлоқ,
Аз пуштаҳои қишлоқ як дам ҳаво нахӯрдам
Дар сарзамини ғурбат аз сакта нотавонам,
Дур аз Хами Мазорам ман ҷон намесупурдам.

пешина
аз 110
навбатӣ