ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ҳар лошахур имрӯз фуруд омада аз кӯҳ,
Тар мекунад аз хуни дили гарми ту минқор.
Дар синаат овози ту якбора гиреҳ зад,
Аз ҷабри қазо нест дигар роҳи раҳоӣ.
Он кист, ки имрӯз ба имдоди ту хезад,
Бар банда Худо ҳам накунад раҳми худоӣ.
Аз баҳри ту фаҳмост, саросар ҳама фаҳмост
Ҷабри фалаку хории мардони накӯкор.
Ҷуз бахти фурӯхуфтаю толеи баданҷом,
Аз лаънату таҳқир наметарсӣ зинҳор...
Ку ёри дилогоҳу ҳидоятгари инсон?
Сарриштаи ҳастист кунун маргу маломат.
Олам ҳама аз дасти худованди имавҳум
Гардида ба якборагӣ помоли адоват.
Ӯ балки Худо нест, яке шуъбадабоз аст,
Парво накунад ҳеҷ ба ҷонбозии мардум.
Ҳамвора гирифторию нокомии некон
Бошад агар аз коҳиши фармудаи Яздон,
З-он аст, ки аз мартабаю ҳастии эшон
Дар саҳни замин танг бувад ҷои худоён.
Аз баҳри мурувватталабу марди худогоҳ
Бегона бувад силкати бесуду худованд...
Ду дидаи бедору дили гарми ту алъон
Бар маслаки дунёи куҳан тоб надоранд.
Балки ба ман аз чеҳраи мағрури ту, эй мард,
Пайдост кунун оқибати кори худоён...
Ин ҷабр, ки омад ба ту аз чархи ситамкор,
Подоши гуноҳест, ки ҷуз нек накардӣ.
Дар зиндагии хеш ба ҷонкоҳии бисёр
Мекофтӣ аз ҷаҳлу риё роҳи раҳоӣ.
Аммо ба қазо кори ту чун соз наафтод,
Уммеди туро дод ба якборагӣ барбод.
Бебоку мурувватталаб, эй марди мубориз,
Монанди ту арзанда касе нест ба олам:
Ҷон кандаву ҷон додаву нури хирадатро
Як умр накардӣ панаҳ аз ҷумлаи одам.
Эй рамзи барӯмандию озодии инсон,
Кардӣ ту раҳи зиндагиро поку мунаввар.
Гар зиндагӣ монандаи дарёи равон аст,
Чун мавҷи сабукхез бувад умри диловар...
Ҳар мард зи ояндаи худ андаку бисёр
Гӯё зи азал ҳаст бад-ин гуна хабардор:
Нороҳатии беҳадафу коҳиши бесуд,
Не ҳастии бе душману не кори бамақсуд...
Аммо каси бебок пур аз шавқу субот аст,
Дар соғари ӯ заҳри аҷал оби ҳаёт аст.
ВАҚТ
Вақт, эй вақт, ин чи рафтор аст,
Ин чи парвози тунду бесомон?!
Ҳар нафас мерабоӣ умри маро,
Мебариям ба сӯйи гӯристон!
Вақт, бо ман ту кардаӣ қисмат
Бори вазнини сарнавиштамро!
Чунки ман худ наметавонам бурд
Ин ҳама бори хешро танҳо.
Бо ту ин кӯлбори қисматро
Мебарам гаҳ малӯлу гаҳ беғам.
Чун маро зиндагонӣ карда хачир,
Дар гумонам ҳанӯз камборам.
Баски айём бебарорам кард,
Вақт, бо ту намекунам созиш.
Ту чи бурда, чият бувад овард
Ҷуз ғаму солҳои пурташвиш?
Вақт, қурбонии ту неконанд,
Чунки ҷон мекананд то охир,
Ҳар замон мекуниашон помол,
З-ин сабаб аз туанд домангир...
Ба сари сахти мо, бимон, ҳама умр
Ғам бирезад чу абри ҳузновар:
Шаб агар ҳаст тору бепоён,
Дардҳо мешаванд сӯзонтар.
Як замоне сурдаҳои ман
Бар алайҳи ҷаҳолати мағшуш
Медамидӣ чу нур дар олам,
Нуриёнро гирифта дар оғӯш.
Лек рӯзи сиёҳи ман акнун
Саҳнаи нозаруру такрор аст.
Нақши дирӯзаи пуразмазмун
Бар ман имрӯз нақши озор аст.
Ин бувад саҳнаи саранҷомам,
Вақт, натвонӣ дод тағйираш...
Баъди мо дар ҷаҳони нокомӣ
Кист оянда, чист тақдираш?!
Номуродам, валек мағрурам,
Мезанам нешханди дардолуд...
Гӯри ман нест баҳри ман танҳо,
Мебарам вақти хешро бо худ.
БА ТОМАС МУР
Киштӣ дар интизории фармон
Бозистодааст дар бандар...
Аввалин ҷоми бодаро алъон
Том, баҳри ту мекашам бар сар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё