Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дурӣ аз туст гарчи нофорам,
Лек чун зиндагист бе ҳиммат,
Бар алайҳи адӯй мешӯрам,
Шукр бодо ба туҳфаи қисмат...
Дилкушоянд рӯи дарёҳо -
Хурраму сабз марғзоре ҳаст,
Ман чи гӯям, барои марди Худо
Дар биёбон ҳам обшоре ҳаст.
Лаззати зиндагиву роҳи наҷот
Хоҳӣ, дар дашт, хоҳӣ, дар дарёст.
Боядам дод синаро ором,
Рафтаро сайри бозгаштанҳост....
Киштӣ лангар гирифта з бандар...
Том, ёдат ба хайр, ман рафтам.
Хайр, баҳри ту мекашам бар сар
Ҷоми саршори охиринро ҳам!
БА ҚАҲРАМОНИ ХАЛҚ
Гашт роҳи ҳаёти ту охир,
Пеш омад туро раҳи шуҳрат.
Баъд аз ин дар саросари Меҳан
Номи некат суруд мегардад.
Халқи озоду кишвари маҳбуб
Пос доранд номи некатро
Ҳамчу рамзи далерии инсон,
Фахр бо ту кунанд дар дунё,
Хуни ту, эй далери беҳамто,
Бар замин не, ба хуни мо омехт,
Ҷонканиҳову ҷонсупории ту
Дар дили мо ҳарорате ангехт.
Душман асло зафар намеёбад,
Бар забон гар барем номи ту.
Ҷоми саршори шуҳратат боқист,
Нашавад холӣ ҳеҷ ҷоми ту!
Гиря бар марги қаҳрамон охир,
Ҳаст бар рӯҳи поки ӯ таҳқир!

Ман наёбам агар аз оқибати хеш раҳо,
Даррасад маргу зи нӯшобаи он хоб равам.
Хоҳам, он рӯз барад хоби фаромӯшӣ маро,
То ба якборагӣ аз даҳр фаромӯш шавам.
Барнахезам дигар, эй кош, аз ин бистари марг,
Ки ману дарди маро нест ҷуз ин хоб даво.
Баҳрам он рӯз нарезед, занон, оби чашм,
Ба мани шодравоне насазад ашки шумо!
Набиё бар сари хокам, санамо, нолакунон,
Ки парешон шавад арвоҳи ман аз нолаю оҳ!
Ҳама бо навбат аз ин даҳр равонанду равон,
Макун андар ғами ман зиндагии хеш табоҳ.
Мон, ки аз ишқ чу аз партави хуршеди саҳар,
Бишавад бозпасин соати мо ғарқи сафо.
Макун, эй дӯст, ту дар мотами ман хок ба сар.
Балки бигзор, бигардем ба якбора ҷудо!
Боз, бигзор, шукуфад лабат аз шавқ басе,
Гунаат ранг бигирад ҳамадам мисли баҳор.
Шод бинмо дили шӯридаи худ бо ҳавасе
Ёри ман, эй шарафи ишқи мани зору низор!
Тирамаҳ чун нафаси марг агар боди хазон
Қасди шодобию сарсабзии гулзор кунад,
Ҳамчунон вақти қазо низ маро ашки занон
Пеши иблиси гунаҳкори аҷал хор кунад.
Ман зи хилваткадаи хештан аз зӯри ғурур
Марги бахайр
Лоуболона ба лабхандаю бо рӯи кушод
Ҷониби марг равам ҳамчу ба як кори зарур,
То ки ях бандад аз он хуни дилу ашки мурод.
Ба сад афсӯс даме зиндагиро бурда ба сар,
Меравам бар таҳи хокистари гумномӣ фуруд,
Пас наёбам ман аз ин ҳастии шӯрида хабар,
Не дигар з-он, ки чиҳо дидаам аз қисмати худ...
Ҷовидон бод ҳамин лаҳзаи дар рафтани мо,
Ки дар он ёфтаем айни саранҷомии ҷон.
Баски ҳамвора дароз аст ба мо дасти ҷафо,
Умри моро дами осудагие нест чунон!
ДАР АЛБОМ
Он гуна ки бар марқади танҳои ғарибон
Аз гӯшаи раҳ менигарад чашми мусофир,
Бар ин варақи куҳнаю ин назми парешон
Эй кош, фитад чашми шарарбори ту охир.
Гар бинӣ ба ин шеър ту бо дидаи пурмеҳр,
Аз ошиқии шоири он гардӣ хабардор,
Андеша бикун низ, ки дар дафтарат ин шеър
Боқист чу як қатраи хун аз дили хуншор.
ИБРАТ
Лаҳза-лаҳза ҷавонӣ тай гардид,
Зиндагӣ мекунад чунин рафтор.
Нашукуфтам, баҳор дай гардид,
Умри мо кӯтаҳ асту нотакрор.
Банда бар хок меравад охир,
Ин дили ишқу ғуссапарвар ҳам.
Ҳастам имрӯз, коми дил баргир,
То равам бедареғ аз олам.

пешина
аз 110
навбатӣ