Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хлеб.
Хоҳари ман кӯчарӯбаш буд,
Об мезад кӯчаҳои хокиашро шоми тобистон,
Лек рӯзи мотаму марги падарсолори миллатҳо
Хоҳари ман кӯчаҳои хокиашро
Об зад бо ашки сӯзон,
Хоҳари ман оби чашмашро
Як сатил дар кӯчаҳо пошид.
Ман ҳам аз як парваришгоҳи4 ҳамон шаҳрам,
Дар ҳамон ҷо куртаи нав, шими нав пӯшида будам,
Дар ҳамон ҷо пойи ман попӯширо дид,
Дар ҳамон ҷо бори аввал нони серӣ хӯрда будам,
Дасту рӯямро ба собун шуста будам…
Сурати бечорчӯби Сталин дар пешгоҳаш буд,
Сураташро ман, ки аввал дар ҳамон кӯйи сағирон дида будам,
Аз ҳамон кӯйи сағирон
Сураташ оинапӯш
Дар лавҳаи чашми ман аст умре;
Мезанам мижгону гарди сураташро
Ман ба мижгон мекунам пок.
Кафани сурхи ман
Бе ту агар шуд сафед хуни ман андар бадан,
Сурхиат аз хун нарафт, эй Ватани сурхи ман.
Парчами сурхи ту монд дар чамадонам ниҳон,
Дар ҳама ҷо бо ман аст ин кафани сурхи ман.
ТИРАМОҲ
Мурғҳоро аз ҳаво дар тӯри боронҳо гирифта,
Интернат.
Ҷомаи гарми дарахтонро дарида,
Подаҳои бодҳояш сабзаву гулро чарида,
Тирамоҳи тира бар кӯям расида.
Селаи гунҷишки тар
Дар зери борон мезанад пар,
Ашки борон мечакад аз мижаи сабзи санавбар,
Ҳамчу аз мижгони духтар.
Қатраҳо аз шишаҳои хонаи ман метарованд,
Мерасад ин лаҳза чашми модари пирам ба хотир.
Ҳар қадар обе, ки ӯ дар зииндагонӣ хӯрда буд,
Зиндагӣ баргашта онро рехт аз чашмонаш охир.
Лонаҳои холиеро дида дар шохи дарахтон,
Кулбаҳои холии кӯи падарро мекунам ёд.
Мекунад он ҷо даҳони бози дарҳои шикаста
Ин замон фарёдам аз дарҳои бефарёд…
Дар сари ин ёдбуди буду нобуд
Менишинам рӯ ба сӯи пуштаҳои хобу хоболуд.
Пуштаҳои зардро дар зери доман мекашад ҷуд,
Гӯӣ оташ мекунад дуд.
Асли ман, яъне ҷавониҳои нотакрори ман,
Ин замон дар пушти ин ҷуди сиёҳ аст,
Баъд аз ин дар пушти ин дуди сиёҳ аст,
Ман пур аз айбу гунаҳ,
Ӯ бегуноҳ аст…
Мурғҳоро аз ҳаво дар тӯри боронҳо гирифта,
Ҷомаи гарми дарахтонро дарида,
Сабзаву гулро чарида,
Хонаҳои холиро пур карда аз бод,
Синаҳои холиро пур карда аз ёд,
Тирамоҳи тира меояд,
Хира меояд.
Ин пагоҳӣ ман худамро
Бо парастуҳо ба он сӯи уфуқҳо мефиристам,
Сӯ ба сӯ аз пушти гармо мефиристам,
То баҳорон, эй азизон!
То баҳорон нестам ман,
То баҳорон нестам.
БО ЧАМИДАН, БО ШАМИДАН, БО ЧАШИДАН…
Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад,
Косаҳои чашмҳоям чаппагардон мешавад.
Байни кӯрак монда меборад агар кӯҳи Мазор,
Хонаҳои чашмҳоям мечакад беихтиёр.
Гӯиё ин лаҳзаҳо дар гардани Файзоваам,
Дар таги лабгӯшаи як боми беандоваам,
Ёд дорам, ин иморат хонақоҳи куҳна буд,
Дина ман даҳсолаю ин хона чумчуқхона буд.
Ин замон дар говгуми ёди ман бори дигар
Ояти Қуръону кампири Назокатро нигар:
Гов гум кардасту аз говаш хавотир, сад карат
Мекунад чун гови гардунаш, ту гуфтӣ, кӯрхат…
Ман чу ғози хасравам, дар пуштаҳо печидаам,
Раг ба раг дар пуштаҳо чун риштаҳо печидаам;
Тору пӯди анкабудаш лаб-лаби ҷӯборҳо
Тору пӯдам буд, ҳар вақте ки мекардам нигоҳ.
Ман ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,
Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам:
Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,
Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.
Дар шикофи мӯр по мондам агар, мӯрам газид,
Гӯштам талх аст гуфтам, лек замбӯрам газид.

пешина
аз 110
навбатӣ