Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз заминҳо ман каҳу дон мекашидам пеш аз ин,
Хори дастамро ба дандон мекашидам пеш аз ин…
Боди Файзобод чун дар пушта гардон мешавад,
Косаҳои чашмҳоям чаппагардон мешавад.
Байни кӯрак монда меборад агар кӯҳи Мазор,
Хонаҳои чашмҳоям мечакад беихтиёр.
Ҳар дарахти латтабандиаш, ки дар роҳи ман аст,
Он дарахти латтабандӣ нест, ҳамроҳи ман аст.
Ғайр аз он як мушти калтути сари хоки падар
Андар ин дунё наметарсам ман аз мушти дигар.
АСП
Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар…
Пояш сафеду гардану пешониаш сафед,
Соқаш дарозу тахтаи пушташ дарозтар,
Зери шикам ба тахтаи пушташ кашида сахт,
Чашмаш мисоли лахчаи сӯзанда дар назар.
То рӯи сина шаршараю обшори ёл,
То пушти пой шаршараю обшори дум.
Чун зарбаҳои набзи раги дасту пойи ӯ
Аз сангу хок мешунавам зарбаҳои сум.
Сар то қадам – сарак-сараку резу печу тоб,
Дар подаи касофати маркаб намечарад.
Аспи фариштае, ки саисаш фариштаест,
Шаб то саҳар фаришта қашоғӯш мезанад.
Дар ҳарду пойи ӯ падари ман кишан назад,
Дар банди пойи ӯ падарам ресмон набаст…
Дар кӯдакӣ шунидаму фарёд мезанад
Ин гӯши ман ба шиҳаи он аспи дурдаст.
Дар кӯдакӣ шунидаму аз ёди ман нарафт
Он шиҳаи азизи чиҳилсола бештар;
Як дам ба гӯш мерасад аз пуштаҳои дур,
Як дам ба гӯш мерасад аз кулбаи падар.
Ёдат ба хайр, бому дари кӯдакии ман,
Кам нест аз ту дар ҷигарам нақши ҷоннавоз.
Марде, ки рафт аз бари мо дар ҷавониаш,
Хоҳам, ки пир ояду ояд дубора боз.
Умре ба ҳар ғубори шитобанда дар назар
Бо чашми чор менигарам ман, ки аз куҷост;
Маҳтоби нав ба тахтаи дарвозаи уфуқ
Кӯбида наъли ашқари гардуннаварди мост…
Аз рӯй-рӯйи хотираҳои ҷавониам,
Балки аз он диёр, ки гум кардаам падар,
Аспе ҳанӯз медаваду медавад ҳанӯз,
Аспе, ки ҷуз ба хоб намебинамаш дигар…
Тай шуд ҳазорҳо раҳу ҷуз дар раҳи хаёл
Бори дигар надидамат, эй аспи бодпо,
Ту то куҷо давидию ку он савораат?
Ӯро ту дар ҷавониаш афкандӣ дар куҷо?
БА ХОТИРАИ БАРОДАРАМ ПРОФЕССОР ТЕМУР СОБИРОВ
То маро роҳи хаёлаш бибарад аз паси ӯ,
Дина шаб сӯи ба сӯ аз паи ёдаш будам.
Чашм пуробу чу оташзада аз пушти сароб,
Ҳама шаб кӯи ба кӯ аз паи ёдаш будам.
То расад бӯи вай аз бод, гирифтам раҳи бод,
Бод бе бӯи вай омад ба ман аз Файзобод.
Гуфтам: эй бод, чӣ медонӣ ту аз додари ман?
Хок зад бар сари ман боду гузашт аз сари ман.
Боғ рафтам, ки ман аз дору дарахташ пурсам,
Боғи зарде, ки чу ман табзада буд бечора,
Боғ нашнида маро, барги хазон афшонид,
Кард пероҳани зардӯзии худ садпора.
Нигарон сӯи ҳаво аз қафаси маҷнунбед,
Ҳайф хӯрдам, ки ғами хеш нахӯрдам барвақт.
Нигарон сӯи ҳаво аз қафаси маҷнунбед,
Ҳайф хӯрдам, ки барои чӣ намурдам барвақт,
То ки дар ёди бародар нашавам обу адо,
То намонад дилам аз зиндагиву аз дунё,
То набинам ба ҷаҳон доғи бародарро ҳеҷ,
То маро доғи бародар накушад бо тадриҷ...
Нигарон сӯи ҳаво, бин, ки чи манзар дидам,
Абру аз абри гузар тӯдаи дафтар дидам,
Абру аз абри гузар болишу бистар дидам,
Маҳи бишкастае дар бистари додар дидам.
Менамуд боз яке манзараи даргузаре,
Ки манаш дидаму хоҳам, ки набинад дигаре,
Ашки ман ҳар қадар аз чашм ниҳонаш мекард,
Осмон пеши назар боз аёнаш мекард:
Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр
Товасангони сафеду сияҳи гӯристон,
Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр
Тали пурхору хаси деҳкадаи Сӯфиён.

пешина
аз 110
навбатӣ