ЗАМИНИ МОДАРӢ

Гуфтам: эй абр, аз он олами абрӣ чи хабар,
Ҷигарам сӯхт, маро гум шуда фарзанди падар,
Ӯ, ки дар рӯи замин нест, магар он ҷо нест,
Паси талҳои булӯрии ҳаво ҷои кист?
Нашунидам, ки чи гуфту чи нагуфт абри фалак,
Он қадар лек харошид фалакро, ки малак
Ба фалак сахт хурӯшиду хурӯшид чунон,
Ки замин тар шуду тар шуд ҳама аз ашки равон.
Нигарон сӯи ҳаво будаму хобам бурдаст,
Шудам аз чак-чаки борони дарахтон бедор,
Задам оҳе, ки чаро то абадам хоб набурд?
Оҳ, безорам аз ин дидани дунё, безор!
Олучаи латтадор буд модари ман
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман,
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагиаш мазор буд модари ман.
Бо зарфи кулол зиндагонӣ мекард,
Дар асри сафол зиндагонӣ мекард.
Чун хонаи анкабуд буд докаи ӯ,
Дудхӯрда докаи сари якаи ӯ.
Умраш ба ятимдорӣ тай шуд охир,
Бо резаю резаворӣ тай шуд охир,
Бо куҳнаву куҳнапора бигзашт, дареғ,
Аз рӯзи авал ба хорӣ тай шуд охир.
Гесӯи сафеди модарам тор ба тор,
Дармондаю канда рафт дар ҳар хасу хор,
Чун тори вуҷуди ӯ ба ҳар озоре,
Дар ҳар хасу хор ғози хасравворе.
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман,
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагиаш мазор буд модари ман.
СӮЗАН АГАР ДАР ДИЛИ МАН МОНД
Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд,
Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд.
Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт,
Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд.
Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,
Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд.
Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт,
Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд.
Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам,
Кофист, ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд.
Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун
Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд.
ФАСЛИ ОБШУСТАИ ЗАРД
Чашми чанор нонамоён буд,
Баргаш, ки рехт, чашм аён шуд,
Чашме, ки як шикофии холист,
Яъне, ки кӯриаш намоён шуд.
Туте, ки рахти васеъ мепӯшид,
Рахташ дариду бишуд ворид
Ҳам қубаи шукуфаи зонӯяш,
Ҳам озахи ширеши бозӯяш,
Ҳам ҷоғари баланди гулӯяш.
Ҳар пояи дарахт, ки урён аст,
Чӯбӣ, чу пойи инвалидон аст;
Дар чорчӯбаҳои сафедорон
Тасвири зарди боғи хазон аст…
Мӯйи сари чаридаи ман ҳам,
Ҷону тани даридаи ман ҳам,
Ранги паридаи ман ҳам
Чун он дарахти тут,
Монанди он дарахти чанор аст,
Чун ин дарахти сафедор аст.
Ҳамчун дарахти тирамоҳии берахт
Каҷу хамам намудор аст,
Захму харошу ғӯрии андомам,
Чинҳои зери чашму ҷабинам;
Лабҳои хушку чеҳраи хушкида,
Гардани пажмурда.
Яъне, пурам ман аз пучӣ,
Яъне, пурам ман аз лучӣ.
Дар чорсӯи умр нишаста,
Аз чор сӯ гузашта,
Беихтиёр менигарам хира
Чун аз баландии доре,
Чун аз сари сафедоре
Бар дурдасти хеш:
Аз он, ки дар ман аст
Ин сад харошу реш,
Аз он, ки дар ман аст
Бисёр нӯшу неш…
Тасвири зарди куҳнаи худро
Дар чорчӯбаи андомам
Бо қиссаҳои куҳнаи зарде,
Бо ғуссаҳои куҳнаи зарде,
Бо бӯсаҳои куҳнаи зарде
Чун сурате, ба пеши назар дорам,
Аз умр ман ҳамин қадар дорам…
Бо қиссаҳои куҳнаи зардам,
Бо ғуссаҳои куҳнаи зардам,
Бо бӯсаҳои куҳнаи зардам
Ман фасли обшустаи зардам,
Ман фасли обшустаи сардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё