Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кист аз мо, ки бо алам нагузашт
Аз ғами норасоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, бигӯ, ки дид, ки дид
Аз касе раҳнамоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо набуд, набуд, набуд
Бо рафиқон фидоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки дарду ғам накашид
Аз рафиқи риёӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки аз рафиқ надид
Ба ҷуз аз бевафоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки аз рафиқ нахӯрд
Ҳеҷ, ҷуз пешпоӣ, Иброҳим?
Аз мазорат гузашту оҳ нагуфт
Халқи дандонтилоӣ, Иброҳим.
Ҷуз саги мо касе нахоҳад кард
Дар ватан гӯрпоӣ, Иброҳим…
Кист аз хонадони мо, ки набуд
Сода чун рустоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, надошт модарзод
Табъу завқи зиёӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки ӯ нагуфту нахонд
Шеърҳои ғаноӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки машқ, машқ накард
То ҳазорон рубоӣ, Иброҳим?..
Бе туам шаҳсутуни сина шикаст,
Дар куҷо, дар куҷоӣ, Иброҳим?
Ҷуз хаёлат дигар надорам ман
Ҳеҷ чизи баҷоӣ, Иброҳим.
Дар азоят манам, ки мегӯям
То абад: Вой! Вои Иброҳим!
Чеҳраатро даруни синаи хеш
Кардаам мӯмиёӣ, Иброҳим.
ОБИ АНОРИ ДИЛРО АЗ ДИДААМ ФУШУРДАМ
(Сӯгвораи бародарам Садриддин)
Қишлоқ рафта будам, ғарқида дар дулона
Ҳар бора зардӣ мекард, ҳар ёла зардӣ мекард,
Бе рӯйи ту валекин, гуфтӣ ту, рӯйи ман буд
Дар ёла чун дулона аз нола зардӣ мекард.
Меҳмонхонаат буд умре таги дарахтон,
Рӯи замин гилемат аз сояи дарахтон,
Чун бар дари дуконат дар интизори меҳмон
Пушти туро надидам дар пояи дарахтон.
Рафтам ба боғи токат, ангур пухта будаст,
Аммо қарашқу мекард баъди ту боғбонӣ.
Шуд шаҳрагам раги ток, аз гиря хӯша бастам,
Ангури ашки ман пухт аз дарди устухонӣ.
Сурхида буд анорат, лунҷаш дамида дам буд,
Онро намефушурдам, дар чашми ман варам буд,
Чун он ки аз анорат дӣ об мефушурдам,
Оби анори дилро аз дидаам фушурдам.
Олучабандакатро аз шохаҳо начидам,
Монанди қатраи хун дар нӯги бинӣ дидам,
Анҷири навниҳолат кай мешавад фаромӯшт,
Ҳар чочакаш чу озах, ҳар шохааш чу ангушт.
Сарчашмае, ки он ҷо ҷои нишастанат буд,
Бе ту бигуфтӣ обаш ҷорист аз дари чашм,
Ҳайф аст дар таги по ҷойе, ки менишастӣ,
Эй кош, мегирифтам сарчашмаро сари чашм.
Гарчи намехурӯшид он кулбаи сиёҳат,
Ма мешунидам аммо бо гӯши дил садояш,
Хомӯш гиря мекард, хомӯш мехурӯшид
Бо рахнаҳои девор, бо чашми шишаҳояш.
По монда лаб-лаби ҷар, гуфтам: бародарам ку?
Момоҷавобак аз ҷар гуфто: бародарат ку?
Акси садои ман не, бо гӯши худ шунидам –
Овози модарам буд, аз дарра мекашид ӯҳ.
Рафтам сари мазорат, рафтам, ки ҷон супорам,
Во ҳасрато, ки сад бор ҷон додаму намурдам,
Гарчи нахӯрда будам пеш аз ту луқмае, чун
Ин луқмаи аҷалро пеш аз ту ман нахӯрдам?
Шабҳо намешунидам ман шир-шири сафедор,
Шабҳо ману сафедор чун чӯби хушку хомӯш
Дар тирагӣ нишастем, сар то ба бун сияҳпӯш,
Ӯ аз бурун сияҳпӯш, ман аз дарун сияҳпӯш.
Донои мо ту будӣ, донотар аз Арасту,
Чун муштарии Айнӣ, Айнӣ туро лақаб буд,
Дар хонаводаи мо ҳафт тан ятими доно,
Ҳар кас наметавонист бо Айнӣ ҳамлақаб шуд.
Ҷое ту будӣ, ҳаргиз шоир набуд даркор,
Ҷое ту будӣ, асло олим набуд лозим,
Ҷое ту будӣ, он ҷо миллат буду сиёсат,
Ҷое ту будӣ, он ҷо мактаб буду муаллим.
Аз он қадар ки будем, бо ман ту монда будӣ,
Аз насли поки Собир, аз насли поки шоир,
Аз он қадар ки будем, бо ман ту ҳам намондӣ,
Аз насли поки шоир, аз насли поки Собир.

пешина
аз 110
навбатӣ