Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар дафъае, ки рафтам аз кулбаи ҷавонӣ,
Ғайри ту кас намекард аз пуштаҳо гуселам,
Ин дафъа қомататро дар пуштаҳо надидам,
Ман худ гумон накардам – ҷорӣ шуд ашки селам.
ГИРЯИ МАРД УБОЛ НЕСТ
Дар сари гӯри модарам
Хушк машин, бародарам,
Абри ҳаво шав аз сиришк,
Силсилапо шав аз сиришк;
Гиряи мард убол нест.
Дар сари гӯри модарам
Ҷӯй шав, эй бародарам,
Ҷӯяки ашки шаш қатор,
Аз ду бари рӯ тор-тор;
Гиряи мард убол нест.
Дар сари гӯри модарам
Хушк машин, бародарам,
Чашмаи диқ шав аз ду чашм,
Оби амиқ шав аз ду чашм;
Гиряи мард убол нест.
Дар сари гӯри модарам
Хушк машин, бародарам,
Шаршара шав аз оби чашм,
Шаршара аз дуоби чашм,
Гиряи мард убол нест.
Дар сари гӯри модарам
Хушк машин, бародарам,
Рӯди равон шав аз сиришк,
Баҳри дамон шав аз сиришк;
Гиряи мард убол нест.
БО ХАСЕ ТАНҲО БА ТАНҲО
Аз тани ҷар сулфа мекард
Буми кӯре ҳамчу одам,
Аз сари каҳдарза мехонд
Зилла бо овози форам.
Имшаб аз нав тоза мешуд
Дар дилам ғамҳои пешин,
Гуфтугӯ мекардам аз нав
Ман ба одамҳои пешин.
Бо касе мегуфтам аз сӯз:
Чун гирифтат пушта бар пушт,
Мекашам чун бору бандам
Пуштаҳоро бо ту дар пушт.
Аз касе мехӯрдам афсӯс
Бо хасе танҳо ба танҳо,
Мечакид аз дидаи шаб
Ахтаре чун ашки тилло.
Хазонӣ
Барг дар шонаи ту - дасти рафиқ,
Барг дар панҷаи ту - панҷаи ёр,
Панҷаҳои ҳиноии дилдор.
Барги зери чанор - бистари пар,
Бистари ошиқони бебистар.
Баргҳои шиновараш дар ҷӯй
Каҳкашони ситора кӯи ба кӯй.
Дар миёни чаҳор фасли замон
Ҳама ранг асту нест ҳамрангаш,
Ин қадар рангро намебинӣ
Дар баҳору камони ҳафтрангаш.
Дар чаридан чарандааш аз бод,
Дар паридан парандааш аз барг,
Дар газидан газандааш аз об,
Печутоби хазандааш аз дуд.
Хиш-хишаш дар маҳалла нарму сабук,
Хиш-хиши радди пои шабгардон,
Хиш-хиши радди пои тобистон.
Барф
Ҳазорон кафтари авҷи ҳаво – барф,
Садафҳо дар кафи марди гадо – барф,
Ҳама парвона шабҳои зимистон
Ба атрофи чароғи кӯчаҳо – барф.
Бистари такидаи тобистон
Бо ҳафт қалам баҳорро маншур аст,
Хуршеди хазон чу дидаи махмур аст,
Беҳзодии навбаҳор аз лолаву гул,
Хайёмии тирамоҳ аз ангур аст
Мавсими хазон, ки баргро резон кард,
Садгуна нишони пеши бар аз он кард.
Аз зарварақе нишонаи тиллоӣ
Дар синаи ҳавзи об овезон кард.
Бо навдаи ток медавад қишлоқам,
Аз хона ба хона меравад қишлоқам.
Рӯзе, ки расида мепазад ангураш,
Гуфтӣ ту, ки маст мешавад қишлоқам.
Гулҳо ҳама пар-пар аз дари тобистон,
Хирман ҳама дар пушти сари тобистон.
Мардум ба киноя фасли баргафшонро
Гӯянд такида бистари тобистон.
БАЧАҲОИ ДЕҲОТӢ
Нарм-нармак тарона мехонанд
Аз лаби бому аз сари девор
Баччаҳо, баччаҳои деҳотӣ,
Соддаю хушзабону беозор.
Аз дарахтон шукуфта мерезад,
Бӯи пӯдина мекунад дами бод.
Медаванд аз миёни майсаю об
Баччаҳо побараҳнаю дилшод.
Аз паси кӯдакони бепарво,
Чун ҳаросак ситода бо сари хам,
Мекунам орзу, ки бори дигар,
Кошки ман ба тифлӣ баргардам.
Боз ман бошаму ҳавои баҳор,
Резаборону турнаҳои қатор.
Гузаронам чу мисрае аз ёд
Турнаҳоро ба чашм аз куҳсор.
Дар лаби обу обшороне
Гаҳ нишинам дубайтаҳо шунавам,
Ханда дар лаб, дубайтаҳо дар лаб,
Гаҳ худам обу обшор шавам.
Барраҳои сафеди тифлии ман -
Рамаи абрҳои фасли баҳор
Дар канорам чарида хоб кунанд
Дар бари пуштаҳои сабзи Ҳисор…

пешина
аз 110
навбатӣ