Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Поси шабҳои тори яхбандӣ,
Ки чароғаш зи чашми гургон буд,
Ки сагон дар танӯр мехуфтанд;
Саги мо чорчашма мепоид,
Аз сари бому бора мелоид,
Мехурӯшиду уштулум мекард,
Ногаҳон ҳамлаву ҳуҷум мекард.
Хуни ӯро, ки ҳар қадар начашид,
Ҳар қадар, ҳар қадар, ки дам накашид,
Ҳар қадар барфи чила аз хунаш
Сурху гулгуну лолазор нашуд,
Надаромад баҳор,
Баҳор нашуд.
Гурги бадхашми чилаи гургон
Нав ба нав мегазид аъзояш,
Нав ба нав Чорчашма хунолуд
Пайи дандони гург дар пояш,
Чунгурак менишасту мелесид
Бо забон реши хунполояш.
Дар ҳамон рӯзҳои чилаи дай,
Ки тапакдуд то фалак мерафт,
Ҳама ҷо пур буд аз сагони сиёҳ,
Аз сагони сиёҳи албастӣ,
Аз сагони аҷинаҳои танӯр,
Аз саги кӯчаҳои хокистар,
Саги моро ту дида мегуфтӣ
Хирс, хирси сафеди Қутби Шимол, -
Саги мо буду барф дар дунё.
Аз ҳамон барфҳо, ки дар дили ман
Ҷойи пойи чаҳор додаракам,
Нақши попӯшии ду хоҳаракам,
Нақши попӯшҳои тифлона
Ва пайи пойи Чорчашма нишаст,
Ҳафт нақши нишастаам дар барф,
Ҳафт ҷойи қадам, ки об нашуд,
Чиқадарҳо, ки офтоб нашуд…
Баъд, дар айни сабзаҳои баҳор,
Ки саги гушна ҳам алаф мехӯрд,
Саги моро кадом беинсоф
Туи нонаш халонда сӯзан дод.
Шири одам макида буд, аммо
Хислати одамон намедонист,
Буд равшан, ки ҷисми шаффоф аст
Ба ту аз шишаҳои чашмонаш,
Буд маълум - навъи фарфор аст
Ба ту аз устухони дандонаш.
Сулфа мезад, ки шояд аз ҳалқаш
Сӯзани хурдааш барояд рост,
Он қадар хушк шуд, ки мегуфтӣ
Мегузашт аз шикофи сӯзан ҳам,
Ончунон нимҷон, ки метӯрид
Худаш аз сояи худаш нохост.
Шири одам макида буд, аммо
Меҳри одам ба ӯ натофт, натофт,
Дили одам ба ӯ насӯхт, насӯхт,
Шарми одам наомад аз шираш, ]
Хун не, шир буд, ки мепартофт,
Шири одам нашуд дар танаш ош,
Шири модар нашуд дар баданаш…
Эй сагон, эй сагони одамдил,
Шири одам ҳалолатон бодо,
Одамон, одамони сагботин,
Шири одам ҳароматон бодо…
Чун мусулмон сагони мискинро
Хасми хунии номусулмон нест,
Ҷуз фиғони сагони бетолеъ
Рӯзу шаб аз дари мусулмон нест.
Лагаду сангу чӯб мекӯбанд
Ба сари саг чу бар сари душман,
Ҷонвари безабони маъсумро
Ҳеҷ кофар намедиҳад сӯзан...
Саги мо вақти сӯзанакҳо12 мурд,
Чун саги зинда чор чашмаш чор,
Мурдаашро ду газ кафан кардем,
Дар сари гӯраш анҷуман кардем,
Халачӯбе, ки хаста дар хокаш,
Баста будам дар он лабе газвор,
Гарчи ӯ тоби халачӯб надошт,
Сабз шуд чун дарахти сӯзанхор…
12Гиёҳи хўрдание ба шакли сўзан.
Дар шабони сиёҳи ғурбати хеш,
Дар шабони сиёҳи дилтангӣ,
Дар шабони дарози танҳоӣ,
Дар шабоне, ки ланҷу ранҷурам,
Дар шабоне, ки бо ҳавопаймо
Се шабу рӯз аз ватан дурам,
Чорчашм аз баландии қишлоқ
Мекашад нӯла дар буни гӯшам
Ҳамчун аз чор боми бар ба бари
Лаҳади чор тан бародари ман,
Ҳамчун аз рӯйи боми каҳдонаш
Аз баландии теппаи сари ман.
Аз бехи гӯшат рӯяд сияҳгӯш
(сӯгвораи ҷӯраи гулчиниҳоям Раҷаби Саидалӣ)
Ман кам надорам ҳамзоди гулчин,
Хобида дар хок аз рӯзи дерин.
Ку Гулмуроди гул дар баногӯш?
Ку Бахтиёри гул дар паси гӯш?..
Хоби ту ҳам хуш дар шаҳри хомӯш,
Аз бехи гӯшат рӯяд сияҳгӯш.
ФАРЗАНДИ ДЕҲҚОН
Хаёли деҳа бӯи беҳа дорад
Барои ҳамчу ман фарзанди деҳқон,
Чу ёди кишту саҳро мекунам ман,
Хаёлам мешавад абри баҳорон.

пешина
аз 110
навбатӣ