ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ҳар баҳоре ба сӯи кӯҳистон
Кӯдакиро ба ҷустуҷӯ оям.
Кош бо баччагии худ боре
Дар раҳи деҳа рӯ ба рӯ оям.
Кош ӯро бубинаму пурсам,
Бе ман ӯ дар куҷост саргардон.
Баъди ӯ дар кашокаши тақдир
Мондаам пургуноҳу бесомон.
КӮДАКИЯМ ҲАНӮЗ ГИРЁН АСТ
Баччаҳоям барои ханда маро
Гоҳ-гоҳе ба ноз мепурсанд,
Ки гаҳи кӯдакии хеш магар
Мегиристам барои ширу шакар.
Шукри тақдирашон, намедонанд
Дар ҷаҳон гиряест дардовар –
Гиряе баҳри як буридаи нон,
Гиряе, гиряе барои падар,
Ки сари гиряи сағирон аст,
Гиряи гиряҳои инсон аст…
Кӯдакӣ, кӯдакии дар ба дарам
Сахт буд, сахт маҳду бистари ӯ,
Гӯиё қаҳтиҳою ҷанги ҷаҳон
Дӯш танҳо гузашт аз сари ӯ.
Дар ҳама сангу хоку хори диёр
Доғу дарди ятимии ман ҳаст,
Дар ҳама бодҳои саргардон
Оҳи сарди ятимии ман ҳаст.
Дар сари кӯчаҳои Файзобод,
Чашм бар роҳи куҳна шому саҳар,
Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хати сиёҳи падар.
Ошдони модар
Баъди модар, баъди чандин моҳу сол
Бар дару девораш овардам гузор,
Сар задам дар ошдони модарам,
Дудаҳо дидам ҳанӯз он ҷо кашол,
Дуд хӯрдам ман магар аз дудааш,
К-оби чашмам шуд равон беихтиёр.
ЧОРЧАШМА
Соли саг дар ҳисоби ман умре
Соли сагҳои осмонӣ11 нест,
Соли серии Чорчашмаи мост,
Ки саги бовафои ҳушёре
Ҳамчунон ӯ дар остон бошад,
Остонат баланд аз сари шаб
То пагоҳӣ чу осмон бошад.
Аз нигоҳаш даруни ӯ метофт
Ҳамчу аз шишае, ки метобад
Бору банди даруни хонаи кас,
Рӯҳи инсонӣ дошт, мегуфтӣ,
Ҳушу фаҳму фаросаташ дар сар,
Назараш - гарму нарму ақлонӣ.
Безабон бо ту гуфтугӯ мекард,
Бо думу чашму гӯш фаҳмонда,
Сагатон шири одамӣ хӯрдаст,
Ҳар кӣ мегуфт, дар аҷаб монда.
Вақти бар дар туро пазируфтан
Пеши пойи туро ба дум меруфт,
Думи худро чу даст ҷунбонда,
Бо думаш «марҳамат, биё!» - мегуфт.
Ҷойи хобаш, ки боми каҳдон буд,
Коҳу моҳи шабаш намоён буд,
Дар замин гар наменамуд коҳ ҳам,
Дар фазо гар наменамуд моҳ ҳам,
Ӯ хавотиру пургумон мешуд.
11Дубби Акбар ва Дубби Асғар, бурҷҳои осмоние, ки ба шакли саг (хирс) тасаввур мешаванд.
Дар миёни сагони кӯча саге
Чун саги мо ду чашми мешӣ надошт,
Чашми мешӣ на, ҳамчу мардумакон
Мешҳоро нуҳуфта дар чашмон,
Чашм мебасту гӯш мекард он,
То ки дар гургмеши вакти саҳар,
Ки сагон хоб мераванд охир,
Надарояд аз обмӯрии чашм
Ҳеҷ гурге ба мешхонаи сар.
Шарфаи пойи бодҳоро ҳам
Аз раҳи гӯш дастрас мекард,
Бӯи хунро ҳанӯз аз раги хун
Ба замин ночакида ҳис мекард.
Сояҳоро ҳам аз дару девор
Сояи Чорчашма метӯронд,
Худаш аммо набуд сояи худ,
Рост баракси сояи худ буд,
Аз худаш гурба ҳам наметӯрид,
Гурбаро ҳам худаш наметӯронд.
Мехурӯшид агар, хурӯшашро
Кӯдаки гоҳвора медонист,
Гарчи аз ак-аки сагон пур буд
Шаби кишлок то саҳар беист.
Тоқату тоби сангу чӯб надошт,
Бар сараш ҳар ки чӯб мебардошт,
Хафа мешуд чунон, ки нонашро
Дигар аз пеши по намебардошт.
Хоҳарам як пагоҳӣ аз долон
Ронд ӯро ба дастаи ҷорӯб,
Рафту зад ҳалқа рӯи гӯри падар,
Сар ба рӯйи ду даст то ба ғуруб,
Бе тавалло накард сар боло.
Дар зимистон хунук намехӯрдам,
Дам ба дам гарм карда мегуфтӣ,
Панҷаҳои маро ба ҳаври даҳон,
Ман, ки мактаб равам агар, мерафт
Сагамон пеш-пеши ман мактаб,
Сагамон мешинохт мактабро
Ҳамчу мо, кӯдакони мактабхон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё