Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То дари ӯ ба забон н-ояду гӯяд бар ман,
К-ӯ дигар нест дар ин хона, зи дунё рафтаст,
Худ ба худ, баҳри тасаллои дили муштоқам,
Гуфтам: аз шаҳри Душанбе ба Бухоро рафтаст.
Шеъри нав дар лабам, аз пушти дараш баргаштам,
Вазн ноҷӯр, ғалат қофия, маънӣ носоз…
Оҳ шуд дар лаби ман шеъри мани беустоз.
БАРОИ РАҲИМ ҲОШИМ
Бар сараш биншаста гарди
Осиёи зиндагонӣ,
Дар дилаш бишкаста неши
Хорҳои зиндагонӣ.
Ҷабҳаашро чин гирифта,
Тӯри ожангест дар рӯш.
Саргузашти сахташ ӯро
Карда аз чинҳо зиреҳпӯш.
Бигзарад пирона сархам
Не сарозоду на дар банд.
Аз сари пасташ шиносанд,
К-ӯст аз аҳли Самарқанд.
Зиндагӣ бинҳода бар дӯш,
Он чи аз мушташ гирифта.
Гӯри Пайравро чу кӯчаш
Гӯӣ, дар пушташ гирифта.
Гарчи худ шеъре нагуфта,
Будааст устози қоим,
Шоиронро ҳамчу шоир,
Олимонро ҳамчу олим.
Аз хаёлу хотири ӯ
Мардуми хотирфаромӯш
Хотироте карда таълиф,
Мекунанд ӯро фаромӯш.
Соати тафсири Айнӣ
Ғайри ӯ н-ояд ба хотир,
Соати қадру навозиш
Месупорандаш ба тақдир.
Балки ӯро бахти ноҷӯр
Қисмати мардона додаст.
Рӯи дасташ ҳам нагиранд,
Вонамедорандаш аз даст.
То бувад фарҳанги тоҷик,
Номи ӯ монад муқаррар,
Не дар аввал, не дар охир,
Чун гуле дар байни дафтар.
ЁДКАРДИ ҶУМЪА ОДИНА
Ӯ монда хоксории худро ба хокҳо,
Бар шуд ба бодҳо…
Аз чангу гарди мо, ки ба мӯяш нишаста буд,
Бар дасту пову гӯшу гулӯяш нишаста буд,
Афшонд дасту пову таконид гӯшу ҳуш.
Аз мо на гард бурд,
Не хотироти хуш.
Аз ӯ ту бад магӯ, ки замин мебарад хабар,
Бадро ҳамеша мешунавад мурда пештар.
Аз ӯ ту бад магӯ, ки дар ин раҳгузорҳо
Ӯ монда хоксории худро ба хокҳо.
Боде ба ҷои дод яке мевазад аз ӯ,
Ин хоки хоксорӣ туро кӯр мекунад.
Аз он қаламкашон, ки бишуд умрашон ахир
Бо сактаҳои дил,
Оё ҳамон набуд, ки бе сакта менавишт?
Оё аз он намурд, ки бе сакта менавишт?
Афшурда дил ба панҷаю дар панҷааш қалам,
Афтод чун шаҳоб,
Афтод чун шаҳоб, ки афтода бо шитоб
Хат мекашад ба шаршараи оташини ноб
(Хуни ситораҳо)
Дар коғазу ҳаво…
Ӯро гирифт пуштаи Саросиё ба пушт
Аз баъди сактааш,
Аз пушти хеш Рустами хокаш намениҳад
То рӯзи бозхост чу фарзанди куштааш.
ДАР ЁДБУДИ МУАЗЗАМА АҲМАДОВА
Рафтӣ ҷавону сӯхт барои ту сад ҷавон,
Ошиқ ҷудову ҳамқаламу ҳамқадам ҷудо.
«Аспи сафед»-и ишқи ту, эй духтари адаб,
Дар синаҳои аҳли қалам мекунад чаро!
Ҳамчун сутун тарошидаӣ рукни ҷумларо
Бо тешаи хаёл чу устои Исфара.
Рангобаранг буд матои баёни ту
Монанди он матои заминҳои Исфара.
Чидӣ ту аз замини сухан санги сактаро,
Чун он ки сангҳои заминро дар остин
Мечинад исфарангиву аз ҳалқи куҳ яке
Он як хамида мебарад аз дасти ӯ замин…
Рӯзе, ки бебаҳонаву бо сад баҳонае
Дасти аҷал даричаи қалби туро бибаст,
Гуфтам ба худ, ки риштаи нуре бурида шуд,
Сандуқчаи тилоии ҳарфу ҳиҷо шикаст.
БАРОИ ДӮСТАМ САИД АБДУЛЛО
Умеди офият он гаҳ бувад, ки набзи туро
Чу нӯги ришта бигирад Саиди Абдулло;
Агар, ки канда шавад ҳам, дубора низ вай аст
Касе, ки риштаи набзи туро тавонад баст.
Миёни мардуми тиб шоири табибон аст,
Миёни мардуми шоир – табиби шоирҳо;
Ҳар он замон, ки сари шоире ба дард ояд,
Ба ғайри ӯ накунад ёди Бӯалӣ Сино.
Агар ки дору нависад, чу шеър нусхаи ӯ,
Агар ки шеър нависад, чу нусхаи доруст.

пешина
аз 110
навбатӣ