Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даме, ки даст ба дастат гузорад, эй бемор,
Бидон, ки дар кафи дасти ту ҳабби ҷондоруст.
Бузург гашта чу ман баски ӯ ба шеъри сафед,
Ту гӯӣ нест маро ҷуз бародари ҳамшир,
Ба ҷойи қатраи шеърам миоди тасвираш
Чакид аз қалами дасти банда қатраи меҳр.
ДАХМА ҶУСТУҶӮ ДОРАМ
Кӯза-кӯза дар чашмам оби мурдашӯ дорам,
Мурдашӯи ман мурдаст, мурда шустушӯ дорам.
Мекашам қалам хомӯш, мезанам рақам хомӯш,
Чун қалам, ту мегӯӣ, сурма дар гулӯ дорам.
Оби ҷӯйи ман хушкид, оби рӯйи ман ҷорист,
То ба сина дар рӯям ҷӯйи обрӯ дорам.
Ман ҳам аз ҳамон ҷинси косаҳои фағфурам,
Иллате агар дорам, реша-реша мӯ дорам.
Бешаҳои ғурбат сурх, лолааш сияҳпӯш аст,
Додаре аз ин дорам, хоҳаре аз ӯ дорам.
Дар куҷо қадам монам, ҷойи по намеёбам,
Вой аз ин дари ғурбат, хона дар сабӯ дорам.
Фарқи Ғарбу Шарқам нест то ба як сари мӯйе,
На дар он амак дорам, на дар ин амӯ дорам.
Ними умрам он сӯяш, ними умрам ин сӯяш,
Ман чаро дар ин дунё чашми сӯбасӯ дорам?
Нанги ҳамҷигарҳоям, мурдаи дигарҳоям,
Ҳуллаи кафанворӣ, дахма ҷустуҷӯ дорам.
Сурати ту дар девор, сурати ту дар хотир,
Аз ту ҳар тараф, эй дӯст, акси рӯбарӯ дорам!
Чун тавонамат бӯсам, хун кунам лабонатро,
Эй ки аз лабат дар лаб бӯса-бӯса хӯ дорам!
НАЗМИ МО ТО АСРИ БИСТ
Мо ҳама шерон, вале шери алам,
Ҳамла-мон аз бод бошад дам ба дам.
(Мавлавӣ)
Хондаам девони шоирҳои деринро ду бист,
Метавонам шеърашонро ҳам мисол орам дувист.
Назми мо то асри бистум ҳамчу назми мурда зист,
Мурдаи ин мӯмиёӣ зинда шуд дар асри бист.
Шеър агар аз зиндагонӣ нест, шеъри зинда нест,
Шеъри тарсуи гурезон аз набарди зиндагист.
Баҳри шеъри мурда ҳам монанди Баҳри Мурда аст,
Мурдареге ҳамчу Баҳри Мурда гӯраш кардааст.
Зард дар ҳар ҷилд чун фасли хазон фасли китоб,
Зард дар ҳар фасл чун барги хазон барги китоб.
Шеъри шамъу сояравшанҳои хилватхонаҳо,
Сурмаи чашми қалам хокистари парвонаҳо.
Аз хати якранг беранг аст паҳнои қалам,
Суфтаю похӯрда аз пойи қаламҳо ҳар қадам.
Ишқ мавҳум, дил муҷаррад, морбозӣ дар сухан,
Бо ду мори афъии зулфи сиёҳи Аҳриман.
Шеъри дарвеше, ки бар лаб кафк ҳамчун маънавӣ
Гушнамастӣ мекунад бо пораи нони ҷавӣ.
Чун тавонад зист шеъри шоири жӯлидае
Дар хиёбон дар миёни тӯдаи шӯридае?
Аҳди шоирҳои ридак буд баъд аз Рӯдакӣ,
Баъди шеъри Рӯдакӣ кам нест шеъри ридакӣ.
Ҳар ки шоир буд, ҷуз қофиясолорӣ накард,
Ҳеҷ кас аз шоирон қофиласолорӣ накард,
Чун камони Рустаму Ораш нашуд шеъри Аҷам,
Рафт аз дасти Аҷам аз бекамонӣ Ҷоми Ҷам.
Як хаданги мисрааш чун тири баҳромӣ наҷаст,
Он, ки пойи гӯрро медӯхт дар гӯшаш, ки ист.
Як ваҷаб аз домани оҳангаре дар шеър нест,
Ҳаст агар, он пойандози амири аҷнабист.
Унсурӣ то дегдон аз нуқраи Маҳмуд кард,
Чор унсури Аҷамро садқаи Маҳмуд кард.
Хор кардӣ паҳлавонони яли «Шоҳнома»-ро
Шоирони говриши буздили дарборҳо.
Ғайри Хоқонӣ хароботи Мадоинро кӣ дид?
Қатра-қатра аз сари мижгони кӣ оташ чакид?
Чиллашин бисёр, аммо ҳеҷ кас шинак нашишт,
Ҳеҷ кас дар сангари шеъри дарӣ нанҳод хишт.
Меҳану миллат намедонанд, ин асҳоб чист?
Душмани деринаи мо ҳар кӣ бошад, хонагист.
Аз Халиҷи форс то Кашмир сад ғори ғазал,
Аз Халиҷи форс то Кашмир анбори ғазал.

пешина
аз 110
навбатӣ