Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳафт шаҳри шеърро Бозор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем17
.
РОҲҲО
Роҳҳо, роҳҳои дуродур
Ҷодаи қисматанд сар то сар.
Нест чун дар сари гарони замин
Дар саре сарнавишти хонотар.
Ҳаст роҳе, ки ёд медиҳадат
Шеваи роҳравӣ зи шебу фароз,
Ҳар қадам роҳи пандомӯз аст
Чун ғазалҳои Саъдии Шероз.
Роҳҳои дарози хобида
Дидаам зери пои раҳгузарон
Рамзи он сатрҳо, ки гум карданд
Дар сафар шоирони саргардон…
Роҳҳо сахт заҳматомӯзанд,
Хоҳ ҳамвору хоҳ ноҳамвор,
Бар ман аз хоку сангашон пайдост,
Кандани ҷону шодии дидор.
Аз чунин ҷодаҳо ба кӯи мурод
Мерасӣ, бахт гар мададгор аст,
Лек мебояд шудан мардона иқрор:
Пеши Лоиқ мо ҳама нолоиқем,
Пеши Бозорем мо як майдабозор!
Лоиқи Бозори шеъру шоирӣ мо нестем,
Низ дар бозори Лоиқ зеби савдо нестем!
17 Байти Мавлавист.
Варна дар роҳҳои пурмеҳнат
Рафтаю барнагашта бисёр аст.
Ҳаст роҳе, к-аз он ҷавонмардон
Ҷон ба каф бо азоб мегузаранд,
Камтар он аз таноби доре нест,
Метавонад ба зери пои ту канд.
Ҳаст роҳе, ба теғ монанд аст,
Балки з-он нест теғи бурротар,
Лек чун зиндагонӣ сарбозист,
Бояд онро гузашт вақти сафар.
Ҳаст пайроҳае, ки дар кӯрӣ
Мисли толеи кӯрбахтон аст,
Бе сари пасту дидаи равшан
Магар онро гузаштан осон аст?..
Роҳҳо, роҳҳои дуродур
Ҷодаи қисматанд сар то сар,
Нест чун дар сари гарони замин
Дар саре сарнавишти хонотар.
3. МОҲТОБУ РӮИ МАҲТОБӢ
Сарлавҳаи шеъри ман ду абрӯи ту буд,
Девони ман аз коғази бозӯи ту буд;
Он зулфи сухан, ки шона кардам ба қалам,
Он зулфи сухан набуд, гесӯи ту буд.
СУРУДИ ШАБҲАНГОМ
Дар кадомин лона имшаб
Қумрие хоб асту бедор,
Чӯҷаҳояш зери болаш,
Лонааш муште хасу хор.
Хурраму осуда бод ин хоби ҳушёр.
Дар кадомин кӯча ҷӯе
Мекунад сӯҳбат ба ҷӯе.
Мераванд аз кӯ ба кӯе
Ҷӯ ба ҷӯ бо гуфтугӯе.
Хурраму осуда бод ин ҳамравонӣ,
Хурраму поянда бод ин ҳамзабонӣ.
Дар кадомин барзан имшаб
Роҳе дар паҳлӯи роҳе хуфтааст.
Дар кадомин ҷогаҳ имшаб
Шоҳе дар паҳлӯи моҳе хуфтааст.
Дасти раҳ дар гардани роҳ,
Дасти шаҳ дар гардани моҳ,
Моҳи шабрав дар тамошо.
Хурраму осуда бод ин хоби зебо.
Дар кадомин хона имшаб,
Модаре сар монда дар бистар,
Оламу одам фаромӯшаш,
Тифли ширбӯе дар оғӯшаш.
Хоби ширин бод нӯшаш.
Имшабу шабҳои дигар
Ошиқе меояд аз сӯе,
Дар димоғаш атри гесӯе.
Дар бисоташ ёди абрӯе.
Эй худо,
Имшаб хаёли ёрро ҳамбистараш кун,
То саҳар ошиқтараш, ошиқтараш кун,
То саҳар ошиқтараш кун!
ЮСУФ
Ҳамон корвоне, ки суф мефурӯхт,
Фаромад ба бозору Юсуф фурӯхт.
Азизи Зулайхо, ки суф мехарид,
Даромад ба бозору Юсуф харид.
Ба зан гуфт: асло ғуломаш махон
Чу фарзанд хонаш ту дар хонадон,
Ки дар чеҳрааш нури пайғамбарист,
Чунин чеҳра бе фоли фархунда нест.
Вале зан илоҷи таҳаммул надошт,
Ба Юсуф бинои муҳаббат гузошт,
Ки ҳусни гулӯсӯзи ӯ дар назар
Гулӯсӯзтар мешуд аз пештар.
Яке рӯзи монанди оби халиҷ,
Ки оромиаш бебало нест ҳеҷ,
Зан аз шавқи ишқи ҷавон буд маст,
Ҷавонро дарун хонду дарро бибаст.
Ҳарису ҳаросону саршори нафс
Чу дар тангное ба ӯ гашт ҷафс.
Валекин аз он кулба Юсуф шитофт,
Зулайхо чу гурге ба Юсуф шитофт.
Ҷавон ҷасту аз дарби долон гирифт,
Вале дасти зан аз гиребон гирифт.
Зулайхо ҷавонро ба бистар кашид,
Ҷавон сар надод, аз лаби дар кашид.

пешина
аз 110
навбатӣ