Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавон аз Зулайхо, ки сар мекашид,
Зулайхо ҷавонро батар мекашид.
Зулайхо, ки сӯи дарун мекашид,
Ҷавонро, ту гӯӣ, дарун мекашид.
Зулайхо, ки мӯи ба мӯ мекашид,
Ҷавонро ба кому гулӯ мекашид.
Кашидан ду танро ба ҷое кашид,
Ки гӯё намешуд ҳавое кашид.
Чунон шуд, ки танпӯши Юсуф дарид,
Гиребонаш аз дӯши Юсуф дарид;
Баромад ҷавон аз гиребони суф
Ба монанди моҳи шабе аз хусуф…
Аз ин пас Зулайхо, ки ноком буд,
Зулайхо набуд, гурги бадном буд,
Ки он Юсуфи хӯрдааш зинда монд,
Даҳонаш вале Юсуфолуда монд.
Пароканда шуд моҷарояш, ҳамон
Ба гуфтан нишастанд мисризанон,
Ки ҳамбистари бевафои Азиз
Тамаъ карда аз бардааш хобухез.
Зулайхо, ки ин таънаашро шунид,
Аз ин таъна-шон бӯи ғафлат шамид.
Фиристоду талбидашон назди хеш,
Ба одоби меҳмоннавозии беш,
Хушомадзанон лӯлаболиш ниҳод,
Навозишкунон хону хӯриш ниҳод.
Дар аснои авҷу қиёми нишаст
Ғурури занонро Зулайхо шикаст,
Ба ҳар як турунҷеву тезина дод,
Бари озмун дод, бе кина дод.
Сипас, ҷониби ғурфа имо намуд,
Ҷавонро ба маҷлис тақозо намуд.
Даромад яке Юсуф ороста,
Ба зевар саропош пероста.
Чи хотун, чи отун - ҳар он зан, ки буд
Ҳама ногаҳон моту мабҳӯт шуд,
Ба ҷои турунҷ аз шигифти шадид
Нафаҳмида ангушти худро бурид.
Ба назди Зулайхо хиҷолат шуданд,
Пушаймони сахт аз маломат шуданд,
Бирафтанд аҳсантгӯён бурун
Аз он Юсуфобод бо дасти хун.
ГУРГ ВА БАРФ
Танаш чун барфи навборидаи субҳи зимистон буд,
Паи дандони ман ҳар ҷо
Саҳаргоҳон чу нақши пои гургон буд,
Паи ошӯби гургони биёбон буд.
Ғизоли печутоби қоматаш, оҳуи рафтораш
Ту гӯйӣ, гурги мастам карда буд охир,
Чу гургони зимистон гушнамастам карда буд охир.
Ба мастиҳои гургон дар шаби мӯяш алӯ карда,
Ду чашми мешиашро
То ба гургумеши субҳидам қабӯ карда,
Чу гурги чила бозӣ кардаам бо барфи андомаш,
Чу гургон барфбозӣ кардаам бо барфи андомаш.
Вале дар хорбанди тези мижгонаш шикорам кард,
Ба мижгон захмдорам кард,
Ба мижгон хуншорам кард,
Маро бигрифт,
Ба занҷири нигоҳаш баст…
Дигар ман мекашам як умр занҷири нигоҳашро
Ба монанди қалам дар хат,
Ки умре мекашад занҷири пояшро.
ТУ НИМИ МАНӢ
Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ
Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равӣ, дар ман аст решаи ту,
Ту, эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.
Ба ҳар куҷо, ки равам, нимаи танам бе ту,
Ба ҳар куҷо, ки равам, ними одамам бе ту,
Ба ҳар куҷо, ки бибинам туро, зиёд шавам,
Ба ҳар куҷо, ки набинам туро, камам бе ту.
Ба дасти ман бирасад дасти кас, ту меларзӣ,
Расад ба дасти ту дасте, ба ларза меоям,
Ту ошёни ману ман, ки ошёни туам,
Ту ҷои ҷони ману ман, ки ҷои ҷони туам.
Тамоми неъмати дунё, чи ғам, ки моли кас аст,
Тамоми неъмати дунё ба ҳукми хору хас аст,
Туро насиб кунад ишқи ман, ҳамин кофист,
Маро насиб кунад ними бистари ту, бас аст.
ҲАМХУНИ ЛОЛАҲО
Лола меҷӯшад,
Хуни саҳро мехурӯшад,
Метапад набзи ҳаво акнун
Ҳамчу набзи ошиқи шӯрида номавзун.
Рӯз меёзад, ки меёзад,
Мекашам хамёза ман ҳам,
Даст меёзам,
Мерасад дастам банохост
Гуфтӣ, бар пешонии офоқ,
Пешониаш гарм аст,
Арақ кардаст, таб дорад.
Вақт, вақти лолазорон,
Вақти лоларӯён.
Соғари гулҳо пур аз гулханд,
Соғари лабҳо пур аз лабханд,
Бод менӯшад паёпай, ҳар чи бодо, бод!

пешина
аз 110
навбатӣ