ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ғайр аз шаби мӯят маро
Шабҳои эҷодӣ мабод,
Ҷуз байти абрӯи ту нест
Байте, ки мемонад ба ёд;
Дар ин замин монанди ман
Ошиқ намеояд дигар,
Биншин ба рӯи чашми ман,
Лоиқ намеояд дигар.
Аз ҳар шаби назме, ки ҳаст
Моро шаби мӯйи ту бас,
Дар коғази рӯят ҳамин
Шаҳбайти абрӯйи ту бас.
Ҷоно, баёзи гарданат
Беҳ аз баёзи шеъри ман,
Шеъри тари лабҳои ту
Ҳаргиз наафтад аз даҳан.
Дар ин замин монанди ман
Ошиқ намеояд дигар,
Биншин ба рӯи чашми ман,
Лоиқ намеояд дигар.
4. ҲАР ПОРАИ ЧОРПОРААМ ПОРАИ ДИЛ…
Ҳар шеър, ки пора-пора месозам ман,
Пайдост, ки чорпора месозам ман;
Ҳар пораи чорпораам - пораи дил,
Дилро дуҳазорпора месозам ман.
ЧОРПОРА
Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол,
Дидори Ватан надидаам даҳ сари сол;
Мебинамаш аз харитаи деворӣ,
Дурии Ватан кашидаам даҳ сари сол.
Ин барф, ки қомати маро хам кардаст,
Абрӯи маро пур аз шакарнам кардаст,
Ҳар шому саҳар назар ба оина кунам,
Дар боми сарам барфи дигар зам кардаст.
Андар шаби тори мӯйи ман субҳ дамид,
Гуфтӣ ту, ки умри ман ба як шаб нарасид;
З-он пеш, ки мурғи субҳ фарёд кунад,
Мурғи дили ман ҳазор фарёд кашид.
Чун меши замин дар осмон ҳам меш аст,
Чӯпони қазо аз ину он ташвиш аст:
Ҳар шаб чу сафедаи дурӯғи саҳарӣ
Дандони сафеди гург ҳам дар пеш аст.
Дар ҳавлии ман на чормағз аст, на бед,
Не арари қадбаланд, не дори сафед,
Маъзур, парандагон, ҳазорон маъзур,
Дар шохаи панҷаҳои ман биншинед.
Дидам ба ду чашм аз назарбандии ях
Гулдӯзии чевари самарқандии ях;
Ман кӯдаки барфии зимистон будам,
Дар дастаки ман - хурӯсаки қандии ях.
То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.
Ҳар ҷо, ки намеравам, дилам волаи туст,
Дар боми дилам шукуфтани лолаи туст,
Қишлоқаки ман, пушти маро кас нагирифт,
Дар пушти сарам чанори садсолаи туст.
Қишлоқаки кӯдакӣ, хасу хори ту бас,
Як лаҳза маро такя ба девори ту бас;
Дар маҳфили маҳтобии чирчираку ман
Чак-чак задани барги сафедори ту бас.
Қишлоқаки кӯдакии бобоии ман,
Ёди хасу хори ту дилосоии ман;
Дар кундаи ҳар дарахти ту пинҳон аст
Як кӯзача кӯдакии тиллоии ман.
Аз барги хазон тамоми дунё зард аст,
Ҳар барг чу коғази «Авасто» зард аст;
Бар ҳар тарафе боди хазон шеърашро
Дар зарварақи дарахт иншо кардаст.
Бо шохи дарахтони ту ҳампайвандам,
Ҳарчанд ки ман меваи ғам мебандам,
Печида ба решаи дарахтонат низ
Қишлоқаки кӯдакӣ, рагу пайвандам.
Як духтари қадбаланд шуд духтари ман,
Шаҳдухтари дилписанд шуд духтари ман;
Оинаи қаднамо харидан лозим,
Лоиқ ба қади расо харидан лозим.
Парҳои пароканда ба ҳар бому даре
Бишкаста ба зери пойи ҳар раҳгузаре;
Бингар, чи қадар харобкорӣ кардаст
Сайёд ба як парандаи мушти паре.
Ман хотираҳои куҳнаамро аз сар
Монанди либоси куҳнаам карда бадар,
Покиза дар оби чашмҳоям шуста,
Дар тори хаёл мекашам тозаю тар.
Себаргаю гул дамида аз сангу сафол,
Дар бом хурӯси лола мекӯбад бол,
Ин барраи сабзаи таракро, ки тар аст,
Мелесаду хушк мекунад меши шамол.
Олучаи латтадор буд модари ман,
Қишлоқии хоксор буд модари ман,
Яъне, ки бузургвор буд модари ман,
Дар зиндагиаш мазор буд модари ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё