Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он чиз, ки дасту пои мо мебинад,
Чашмони ману ту аз куҷо мебинад?
Санги таги обро намебинад чашм,
Санги таги обро ду по мебинад.
Дар пайраҳае шабона мегаштам гирд,
Ман дар шаби тор шеър мекардам вирд;
То дафтару коғази маро хонда шавад
Як кирмаки шабчароғ мезад гӯгирд.
Дар кӯчаи хокие равонам ҳама шаб,
Дар тути қатори Сӯфиёнам ҳама шаб;
Дар ҳавлии кӯдакиам аз донаи ашк
Ман донаи тут метаконам ҳама шаб.
Дар чашми кабуди чашмаҳо айнаки ях,
Дар тахтаи пушти хонаҳо печаки ях;
Дар шишаи чорчӯбаҳо чечаки ях,
Аз гӯшаи боми чашми ман чак-чаки ях.
Дар давраи навҷавониам монда касе,
Дур аз нафасаш намекашидам нафасе.
Вопас, ки ба сӯйи навҷавонӣ нигарам,
Дар ҷойи ҳамон каси ман истода хасе.
Дар зери сафедор бувад хоки падар,
Дар зери дарахти тут хоки модар;
Саддаста гирифтаанд азизони маро
Бо решаи хештан дарахтон дар бар.
Аз оби сухан, ки меравад шаршарадор,
Аз ҷӯйи сухан, ки об дорад бисёр,
Бо шасти фаросату ба як риштаи зеҳн
Гулмоҳии шеър метавон кард шикор.
Ман дар дили ҳаммакон намеғунҷидам,
Дар маҳфили ҳамзамон намеғунҷидам,
Селоби баҳору оби дарё будам,
Дар истакани замон намеғунҷидам.
Он кӯчаи Каҳкашон, ки роҳи малак аст,
Он роҳи сафед аз само то самак аст;
Не кӯчаи Каҳкашону не роҳи малак,
Дарёи сафеди шири гови фалак аст.
Дар лаб-лаби ҷӯй беди Маҷнун беҳтар,
Дар гулдара арғувони пурхун беҳтар;
Ин кӯчаи каҳкашонии хокии мо
Аз кӯчаи Каҳкашони гардун беҳтар.
Ин кӯри раҳе, ки сари боло дорад,
Ҷойи ду басар ду гӯши бино дорад,
Вақте ки туро мешунавад, мебинад,
Бо гӯш ба ҳар тараф тамошо дорад.
Ку кудакии ману куҷо он ҳама сол?
Ку хонаи модару шабу хобу хаёл?
Ман бе пару бол мепаридам шабҳо,
Ку он ба ҳаво париданам бе пару бол?
На кабки дарӣ, на дар ҳаво турнақатор,
Дар пушта на арғувон, на бӯйи гули хор;
Дар ҳар қадаме дар қадами тобистон
Саҳрои хурӯси лоларо кушт баҳор.
Аз шир-шири барге нафасе мешунавам,
Аз мурғи саҳар ҳамнафасе мешунавам;
Ман баччаи хокхӯрдаи қишлоқам,
Аз бӯйи хасе бӯйи касе мешунавам.
Қишлоқаки ман, бахайр бодо хобат,
Бигзор маро ба кирмаки шабтобат;
Чун мӯри қатор рафтуое дорад
Фавҷи нигаҳам ба хирмани маҳтобат.
Бишкуфт ба рӯйи тӯдаи хокистар
Дар вақти баҳор як бағал лолаи тар,
Ё оташи мурда зинда шуд бори дигар,
Сар то ба қадам гарм шудам бехотир.
Ҳар чизи баҷоие маро буд дуруст ,
Дар рахнаи девори ту мекардам руст,
Қишлоқаки кӯдакӣ, зару зевари ман
Зардии дулонаҳои тиллоии туст.
Он бед, ки дар таби хазон месӯзад,
Табларзааш он қадар, ки ҷон месӯзад.
Бингар, ки забона мезанад шохаи бед,
Дар оташи бедуд чи сон месӯзад.
То ғуссаю ғамҳои маро дур кунанд,
Гуфтам, ки илоҷи дигаре ҷӯр кунанд,
Чун зинда туро ба ҷойи ман боз оранд,
Чун мурда маро ба ҷойи ту гӯр кунанд18
.
Элок на чашма, чашми Файзобод аст,
Чашме, ки замин бар осмон бикшодаст,
Сад мартаба узр, Ҳофизи Шерозӣ,
Серобтар аз чашмаи Рукнобод аст.
Ҳарчанд ки коса-коса бо косаи даст
Нӯшидаам об аз ҳар он чашма, ки ҳаст,
Бе оби сухан ҳеҷ дилам об нахӯрд,
Бе чашмаи шеър ташнагиам нашикаст.
Дар пуштамазор моҳи поке дорам,
Моҳе, ки ба зери абри хоке дорам.
Аз ҳасрату доғи ӯ мапурсед маро,
Хуншор даруни чок-чоке дорам.

пешина
аз 110
навбатӣ