ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агарчи рафт аз сар боми қишлоқ, Нахоҳад рафт аз сар шоми қишлоқ, Пур аз коҳу пур аз моҳу пур аз ман Маро аз кӯдакиҳо номи қишлоқ.
Ду абрӯро каҷу маҷ менависанд, Вале чун шеъри Эраҷ20 менависанд, Нагӯям, каҷқалам дар шаҳри мо нест, Ки ин абрӯкаҷон каҷ менависанд.
Ҳаво нарму замини лолагӣ нарм, Чу рӯи дилбаре сурхида аз шарм.
Бимон, гул оташ афрӯзад ба саҳро, Ки ман аз оташи гул мешавам гарм.
Баҳор аз лаб-лаби ҷӯи ту омад, Ба ҷои бӯи гул бӯи ту омад.
Парастуи баҳорон норасида,
Парастуи ду абрӯи ту омад.
20Манзур Эраҷ Мирзост.
Чу суратгар, ки абрӯ менавиштӣ, Ба рангу бо қаламмӯ менавиштӣ, Ба рангу бо қаламмӯ аз ду абрӯ Ту як сарбайти хушрӯ менавиштӣ.
Биёед, эй азизон, тӯй дорам, Шуморо бар дари дил интизорам, Агар фаршам сазовори шумо нест, Шуморо бар сари худ мегузорам.
Дилам чун оташафшон саргирифтаст Ду рӯям чанги хокистар гирифтаст, Намедонам, чӣ нолидам ба найзор, Ки най ҳам бо дили ман даргирифтаст.
Зимистон рафт, рафтори дигар шуд, Бадар шуд мардум аз дарҳо, бадар шуд, Ба тарфи кӯча аз рӯзи ту, эй шаҳр, Шабат бедортар, бедортар шуд.
Ба гулгаште садои кафши по сабз, Хиёбон дар хиёбон дасту по сабз.
Миёни чашми мо ҷои қадамҳост, Қадамҳо дар миёни чашми мо сабз.
Замину осмон, обу ҳаво тар, Нафасҳо тар, назарҳо тар, адо тар.
Чароғак мезанад чашме зи ҳар сӯ, Ба ҳар кӯе садои кафши по тар.
Гуле механдад аз садбаргии хеш, Бувад то барг аз бемаргии хеш.
Найи бебарг умре дар лаби ту Ба худ менолад аз бебаргии хеш.
Чу рагмоли дарахтон боди Элок, Раги хоби туро мемолад, эй ток, Гиребони маро то навбаҳорон Валекин то ба доман мезанад чок.
Ба он биниш, ки дар обу гилаш буд, Ту гуфтӣ, дурбинаш ҳамдилаш буд, Ки сурат гуфта, сират мегирифтӣ, Дилаш дар чашму чашмаш дар дилаш буд21
.
Дарахти қӯшае дидам ба барзан, Ду ҳампаҳлӯ, ду ҳамбозӯ, ду ҳамтан, Ба ҳам рӯида чун ҷуфти муносиб, Чу ман рӯидаам аз ту, ту аз ман.
Магӯ беҳуда занро норасида, Ки аз паҳлӯи чап шуд офарида.
Дар он паҳлӯи мо дил ҷо гирифтаст, Зану дил ҳарду як маъно гирифтаст.
Қалам дар дасти ман чун менависад, Сиёху сабзу гулгун менависад.
Қалам бо неши нохун менависад, Қалам бо шарҳаи хун менависад.
Ғизои ақл агар илму амалҳост, Ғизои чашми мо сайру тамошост.
Ғизои дил фақат шеъру фақат ишқ, Ғизои гӯши мо оҳангу овост.
Нахӯрдам бо фароғат нону обе, Набудам тахтае аз тахти хобе, 2121 Ба хотираи Муҳиддин Олимпур.
Надидам истироҳат аз ту, эй шеър, Набуд болишти ман ғайр аз китобе.
Тамоми зиндагӣ бастам чакома, Навиштам гаштаю баргашта чома, Нанӯшидам, напӯшидам валекин Ман аз дасти касе ҷомею ҷома.
5.АЗ РӮЙ-РӮИ ХОТИРАҲО
Ман хотираҳои куҳнаамро аз сар Монанди либоси куҳнае карда бадар, Покиза дар оби чашмҳоям шуста, Дар тори хаёл мекашам тозаю тар.
АЗ «ГУЛИ ХОР» ТО «СИМХОР»
Ман ҳамин рӯзҳо зери унвони мазкур мунтахаби эҷодиётамро гирд овардам, ки «Гули хор» маҷмӯаи аввалин ва «Симхор» маҷмӯаи охирини ман аст. Дар давоми кор аз ҳафт китобча фақат ҳафтод шеъру сесад чорпора ё рубоӣ баромад. Бисёр шеърҳо ниҳоят таҳриру ихтисор шуданд, ба дараҷае, ки аз қитъаҳои дароз-дароз танҳо як-ду байт монду тамом. Ва аксари шеърҳоеро, ки дар замонаш адабиётро хор карда, ба ҳар калу кӯре бахшида будам, акнун аз номашон гардондам. Аз бисёр навишторам, ки ҳафтаҳою моҳҳо навиштаю хат кашида, хат кашидаю навишта будам, танҳо як байт ё як-ду банд шеър ёфтам. Ҳайфи шабнишиниҳои барҳадару дам ба дам пуф-пуф сигареткашиҳои ман. Сад ҳайф, ки чӣ қадар беҳуда нури чашму саломатӣ талаф додам. Дардову дареғо, ки аз камхобию хастагӣ чӣ қадар шабҳоям ба дарди сару рӯзҳоям ба даҳанвоҷаку даҳандараю хамёза гузаштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё