ЗАМИНИ МОДАРӢ

18Матни сангнависи гўри додарам Иброҳим.
Меларзам, агарчи бистар аз пар гирам,
Аз оташ агар либос дар бар гирам.
Бо рахти бурун даруни ман гарм нашуд,
Гӯгирд хӯрам, ки аз дарун даргирам.
Қишлоқаки кӯдакии ман лаб-лаби ғор,
Девори сафедаш аз сафедори қатор,
Ҳамчун хати мораки ман аз мори қалам
Дар хоки раҳаш хати ғубор19 аз пайи мор.
Мардум ба дарахт бо шикам менигаранд,
Бе сарфи назар ба шохи хам менигаранд.
Азбаски ғизои шоирон аз чашм аст,
Бо тираки сарбаланд ҳам менигаранд.
Он ҷо, ки на ҷои туст, худро ҷо кун,
Мехе шаву бе калид дарро во кун,
Гӯгирд агар намешавад, дар чашмат,
Муште бизану шарорае пайдо кун.
Аз он найи «Маснавӣ», ки афғон дорад,
Қишлоқаки ман дусад найистон дорад.
Шабҳо ҳама аз шамоли Файзободаш
Дар ҳар лаби об найнавозон дорад.
Чашмам ба касе назора дорад, ки туӣ,
Дастам ба касе ишора дорад, ки туӣ,
Аз чашми худам ман осмоне дорам,
Шабҳо ҳама як ситора дорад, ки туӣ.
Сарлавҳаи шеъри ман ду абрӯи ту буд,
Ин мӯйшикофии ман аз мӯи ту буд,
19Хате, ки бо ангушт дар ғубор навишта мешавад.
Бо он газаке, ки майгусорӣ кардам,
Мастона газидани лабу рӯи ту буд.
Он ҷо, ки дамида гунбази синаи зан,
Шоир накунад зи гунбази чарх сухан.
Бе сарви чамон касе ғазалвора нагуфт
Аз хубиву аз расоии сарви чаман.
Дар хонаи ҳар касе занак даркор аст,
Яъне, ки фариштаю малак даркор аст.
Дар соати маргу мотамам дар сари ман
Як хоҳараки гирякунак даркор аст.
Гӯянд, ки лаҳзаест рӯидани ишқ,
Чун атри гуле ду лаҳза бӯидани ишқ,
Лекин ҳама умр мӯя кардему нашуд
Бо мӯяи мо тамом мӯидани ишқ.
Дар оина худро нигаристам саҳарӣ,
Гуфтам, ки муқобилаш наистам саҳарӣ,
Оинаи рӯи ман дар оина набуд,
Бо оина рӯ ба рӯ гиристам саҳарӣ.
Ҳар мехи каҷе, ки бар дару девор аст,
Ҳамчун хати мехии падар даркор аст,
Онро, ки касе нахонд, ман мехонам,
Аз кулбаи кӯдакӣ ҳамин осор аст.
Қишлоқаки кӯдакии ман лаб-лаби ғор,
Девори сафедаш аз сафедори қатор.
Кӯтоҳу дароз сояи ҷарҳояш
Чун соати девории он дар девор.
Ин ток тамоми боғро гашт ба даст,
Худро ба сари ҳазору як шоха бубаст,
Аз гаштану бастанаш, ба дасташ бинигар,
Аз хӯша зи дастҳояш обила биҷаст.
Ҳар лаҳза ба авҷи осмон менигарам,
Бо роҳи ҳавоии ҷаҳон менигарам.
Ман ҷониби он касе, ки аз ман дур аст,
Аз дур ба дурбини ҷон менигарам.
Умре қаламу коғазу қомусам буд,
Аз бистари хоби хеш номусам буд.
Маҳтоб ба пушти шишаи хонаи ман
Маҳтоби шабам набуд, фонусам буд.
ГУЛҶӮШ
Ҳаворо нам-нами дилкаш гирифта,
Камони Рустаму Ораш гирифта.
Ба саҳро меравӣ, аз оташи гул
Замину осмон оташ гирифта.
Баҳорон қавси Ораш мекунад гул,
Ба гардун нақши дилкаш мекунад гул.
Ба ҳар фасле табиат мешукуфад,
Зимистон чӯби оташ мекунад гул.
Ба гулшан шеъри булбулро нигаҳ кун,
Дар оби ҷӯй ғул-ғулро нигаҳ кун.
Замони шуълаи оташ гузаштаст,
Замони шуълаи гулро нигаҳ кун.
Хазон зарду хазон гарду хазон дард,
Хазон гарду хазон дарду хазон зард,
Пур аз тобу таб, аммо беҳарорат,
Ҳама оташ, валекин оташи сард.
Сафедори лаби ҷӯят сафед аст,
Чу коғаз дасту бозӯят сафед аст;
Маро рӯи ту дафтар менамояд,
Ки ҳамчун дафтарам рӯят сафед аст.
Навиштам, аз ду абрӯят навиштам,
Ба васфи чашми дилҷӯят навиштам;
Чи хушбахтам, ки ман бо бӯса байте
Ба рӯи коғази рӯят навиштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё