Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз орифони адабиёти ҳазоруандсолаи мо фақат як Мирзо Бедил ба шоирӣ машҳур гардидааст. Дигарон - асосан ҳамчун уламои дину панду ахлоқ ва қиссаю қасидаю достон. Бинобар ин, ҷилди китобашонро зери бистарҳо ниҳода, аз варақашон тӯмор менависанд.
Албатта, адабиёт аз решаи адаб аст, яъне хулқу атвор, таълиму тарбия, ахлоқ ва ҳатто танбеҳ. Пас таблиғи мазҳабу панду андарз бевосита кори адабиёт аст, аммо кори шеъру шоирӣ не. Шеър аз решаи шуур аст, яъне ақлу фаросат, идрок, завқу зеҳну андеша. Шеър, ба масал, боронест, ки мағзи хушку сари хушку табиату тинати хушкро тару шодоб месозад ва ҳоказо. Шеър, яъне ҳаяҷон, зарабони дилу тапидани набз, ҷӯшу хурӯшу туғёни хуни бадан. Гоҳе ҳам ба хоббинӣ мемонад – бе чашм мебинию бе гӯш мешунавӣ, бе дасту по мегардию мегирӣ ва бе забону даҳан гап мезанӣ.
Шеър аст ин, ки гуфтааст:
Шабе, к-аз хаёли ту гул чида будам, Дар оғӯши сад ҷилва хобида будам, Ба мижгон кушудан ниҳон гашт, Бедил, Ҷамоле, ки пеш аз нигаҳ дида будам!
Шоир аст ин, ки гуфтааст:
Эй моҳии шиновари мурдоби хуни ман, Хуш бод мастиат, ки маро нӯш мекунӣ!
Шоир аст ин, ки гуфтааст:
Чашмат шаробхонаи ангурҳои ашк…
Шоир аст он, ки гуфтааст:
Ҳар песа гумон мабар, ки холест, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Шоир нест он, ки гуфтааст:
Ҳар беша гумон мабар, ки холист, Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Шоир аст он, ки гуфтааст:
Гарчи аҷал якояк аз ин галла мебарад, Ин галларо бибин, ки чӣ осуда мечарад.
Шоир нест он, ки гуфтааст:
Пайки аҷал якояк аз ин галла мебарад…
Ба байтҳои зерин нигаред, ки чанд шоир бунафшаро ташбеҳу тасвир намудаанд, вале танҳо аз Рӯдакию Хоҷа Ҳофиз шоиронаанд:
Бунафшаҳои тари хайл-хайл сар баркард Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
(Рӯдакӣ)
Гаҳе тарҳи тавозуъ дарфиканда, Нишаста чун бунафша сарфиканда.
(Ҷомӣ)
Ё магар офтоби тинати ман
Ногаҳон кишт бар бунафша суман.
(Саноӣ)
Сарвбун чун ба шаст сол расид, Ёсуман бар сари бунафша дамид.
(Низомӣ)
Гузар бикун чу сабо бар бунафшазору бибин, Ки аз дарозии зулфаш чи сӯгворонанд.
(Ҳофиз)
Даҳ-понздаҳ сол пеш дар вохӯрие аз ман пурсида буданд, ки ба эътирофи умум ҳар байти Хоҷа Ҳофиз мустақил аст, пас ба чӣ сурат ғазалро ташкил медиҳанд? Он вақт ҷавоби саҳеҳ наёфтам. Акнун ҷавоб ин аст. Байтҳо аз тариқи рӯҳия муттаҳид мешаванд, агар матлаъ мутантану боланда бошад, то ба мақтаъ ба ҳамин минвол идома меёбад ва баръакс, матлаъ малӯлона бошад, то ба охир малӯлона меравад. Ин аст сеҳру афсуну чашмбандӣ ва сирру асрори дигари шоирӣ, ки дақиқ нанигарӣ, намефаҳмӣ, ки яке аз осмону яке аз ресмон аст.
Адабиёти форсӣ ба масал бешазори қаламҳост, ки барги ғазалҳояш асрҳои аср қабат ба қабат чунон рехтаю рехта, ки баройи ин ҳамаро як дафъа варақ гардондан ҳам умри як одам намерасад.
Чаро ғазалгӯӣ аз азал оммавист? Чунки навиштанаш осон аст; як мушт қофияро (қофияҳои аслӣ аз 10-15-то беш нестанд) қатор навишта, баъд муносиби ҳар кадоме ҷумла месозӣ вассалом. Аз ин рӯ, ғазалнависию ғазалгӯйӣ, ғазалхонию ғазалсаройӣ, ғазалбофию ғазалсозӣ, ғазалхарошию ғазалтарошӣ чунон бисёр ва чунон ифрот шудааст, ки агар ба девони ғазал нигарӣ, дилат мешӯрад.

пешина
аз 110
навбатӣ