Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои охир баробари авҷ гирифтани «экстрасенс», фолу фолбинӣ, табибу ҳаким, дорӯгару дорӯсози дайду, ғазал низ аз нав авҷ гирифт, ки ин ҳама якҷоя аломати касофатию ҷаҳолат будаанд. Феълан, ҳатто шоирони ба истилоҳ «сурх»-и собиқ ғазалнавису муноҷотии худогӯйу худоҷӯй шудаанд. Онҳое, ки маро «антипартийный»
мекарданд, феълан мебинам, ки домуллову қозию ҳоҷӣ будаанд.
Шеъри нав, ёдаш ба хайр, шеър буд. Қулфи ҳазорсола зангхӯрдаи ҳуҷраи тангу торики тортанакзадаи ғазал ба мехчаи шеъри нав кушода шуда, шеър шаклан осон шуд, аммо ташбеҳоти бикр, ки металабид, душвор буд. Акнун баъзе эрониҳо назмро ба насри маъмулӣ табдил дода, ҳам шаклан осон кардаанд, ҳам мазмунан ва ғайра. Барои мисол:
То ту дарича дарича дарича боз кунӣ Ман дар мебандаму мекушоям
Ва дастоғӯшона
Ҳар бор ба ин гуна
Бо ту
Ба остонаи ҳастӣ боз мегардам.
(Рӯъё Ҳаккокиён)
Марҳамат, ягон унсури шеър нест ва ҷумлаҳоро зиназина навиштааст, ки шеър намояд. Ман аз ин дажғол ғарамғарам хонда, танҳо Сӯҳроби Сипеҳрӣ ва Маҷид Нафисиро шоир ёфтам.
Аз миёни ҳазор шаб,
Ки бо якдигар гузаронидем,
Як шабро ҷудо мекунӣ
Ва мегӯйӣ:
Онро фақат чун ёдбуд
Нигоҳ дор.
Ман хомӯш мемонам
Ва онро
Чун пари симурғе
Дар даст мефишорам.
(Нафисӣ)
Як шабро ҳамчун пари симурғ дар даст фушурдан шоирона аст. Албатта, шеървора ихтирои эрониҳо нест, ин ҳамон назми мансури аврупоист, ки… осонакаш ёфта, тақлид мекунанд.(…) Боз ба сари мавзӯи ман баргардем. Ман тамоми умр қатраи обу луқмаи ноне бе андешаи шеър нахӯрда ва нафасе накашидаам. Агар барои як попӯшӣ дар ба дари магазинҳо нагашта, ба ҳар магазинчии саркаҷалаи дандонтилло мӯҳтоҷ намешудам, агар тӯрхалта дар бағал бозор ба бозор намегаштам, агар маоши сиҳат медоштам, агар барвақт «антипартийный» намешудам, агар шабу рӯзи зиёдамро ба таҳлилу таҳриру азнавнависии дастхатҳои қаламфарсоён бар бод намедодам (дар сари мизи ман мудом туқуз-туқуз дастхат буд, ки ҳатто Гулчеҳра аз онҳо безор шуда баъзеашонро аз ман пинҳон медошт) ва агар касалманд набудамӣ ва агар ҳабс намешудаму баъди ҳабс даҳ сол бесарнавишт дар муҳоҷират намегаштам, бешаку шубҳа, ба авҷи шеъру шоирӣ мерасидам, ба баландие, ки менигаристӣ, кулоҳ аз сари ақлат меафтод.
Зимнан, аз шеъри «Пас аз мо» ман «антипартийный»
шудам. Миршакару Турсунзода аз мавқеъи сиёсати вақт хатарнокаш ҳукм намуданд (Ин ду нафар пеш аз ман ба Ғаффор Мирзо часпида буданд, ки аз тамоми қаламрони насли ин ду нафар ва насли худаш шоиртар буду шоиртар аст). Феълан, ки менигарам, ин аввалин шеъри ҷанҷолии ман аслан шеър нест. Ҳайфи заҳмати Миршакар, ки ҷавобан ба ин шеъри маҷозии ман шеъри танқидие навишта буд.
Ҳайфи валвалаҳои Турсунзода, ки «ба мо ин хел шеъру ин хел шоир лозим нест» гуфта, дар маҷлисе чунон сурху сафед шуда буд, ки аз пешониаш арақ меҷӯшид. Ва ҳайфи нависонависи ман, ки маълум мешавад, чизе нанавиштаам.
Баъд «Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Забони модарӣ» ва дигарон сахт танқид шуданд. Албатта, ин шеърҳо нағзи нағзанд, хусусан «Забони модарӣ», лекин агар ҳозир мебуд, инро наменавиштам.(…) Хулоса, ман аз шоирӣ имтиёзе надидам, на моддию на маишӣ ва на маънавӣ. Ба қавли устод Рудакӣ, на маоше ва на маунате. (…) Бар ин бино, на аз давлату ҳукумате муттаҳаму забонкӯтоҳам ва на аз халқу миллате ва на аз касе сари риштае қарздор.

пешина
аз 110
навбатӣ