Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз он аз ёздаҳ дарвозаи шаҳри Бухоро
Рост як дарвозааш монд,
Рост як дарвозаю дар ҳар куҷо мушти кулӯхе…
Инак, ин дарвозаро бояд зиёрат кард,
Бояд аз пешонии ҳар тахтааш бӯсид,
Як ҳазору як саду ан сол дар шаҳри Бухоро пойбарҷост.
Аз ҳама дарвозаҳо сад бор
Бартар ин дарвозаи танҳои бедевор,
То бигӯем:
Боз ҳам шаҳри Бухоро шаҳри бедарвоза нест;
Гарчи аз он ёздаҳ дарвоза даҳ дарвозааш нест,
Боз ҳам шаҳри Бухоро шаҳри бедарвоза нест.
Мефишорам дастҳои маҳкаматро
(ба муносибати интихоби нави Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Мефишорам сахт дасту панҷаҳои маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли деҳқонбачаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.
Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.
Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро.
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.
Шоҳроҳат чун кафи дасти кушодат
Аз Душанбе то Бадахшон,
Аз канори Суғд то Хатлон.
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин.
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори нақби Шаҳристон,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор,
Сахту маҳкам.
САНГАРИ САНГИНИ ИСТИҚЛОЛ
(Ба муносибати Пешвои миллат унвон гирифтани
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон)
Курсиат аз партаи мактаб,
Минбарат аз дарзаи деҳқон.
Пойандозат ба маҳфилҳо
Ҳар қадам аз пардаи дилҳо.
Пешвои миллати Зардушт,
Пешвои миллати Маздак,
Пешвои миллати Айнӣ,
Пешвои миллати Восеъ,
Ҷонишини Оли Сомон,
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Аз дами оташ гузаштӣ,
Чун Сиёвӯш,
Кардӣ оташро ту хомӯш.
Аз сари сарҳад гирифтӣ
Ҳар фирориро дар оғӯш,
Ҷангро кардӣ фаромӯш…
Аздусар ҳайкалтарошон
Ҳайкалатро метарошанд,
Ҳайкалатро мегузоранд
Бо қарори «Қасри ваҳдат»,
Ҳайкали волои барқад,
Сангари сангини истиқлол,
Чун падарсолори миллат.
Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори нақби Шаҳристон,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор,
Ҳамчу оҳан устувор.
ДАР ОҒӮШИ КӮҲИСТОН
Кӯҳ гуфтам ман,
Бадахшон кӯҳ гуфт,
Қуллаҳои осмонбӯси Зарафшон кӯҳ гуфт…
Кард овози маро такрор кӯҳистони ман,
Ҳамзабон, ҳамдард, ҳамтақдиру ҳамармони ман.
Кӯҳ гуфтам,
Бо тане аз санги мармар,
Бо саре аз санги хоро
Сад ҳазорон паҳлавон аз хоб хест,
Сад ҳазорон қаҳрамон аз хоб хест…
Кӯҳ гуфтам,
Норасо овози ман
Лаҳзае дар кӯҳҳо печиду аксандоз шуд,
Бонг шуд, фарёд шуд,
Оламе бо ман ба як овоз ҳамовоз шуд.
Кӯҳҳо, ин қуллаҳои саркаши фарёдрас,
Эй басо овозҳои норасобарҷастаро
Хандаҳою гиряҳои осмонӣ кардаанд,
Доду фарёди ҷаҳонӣ кардаанд.
Аз сари ин қуллаҳо як оҳи кӯтоҳе бас аст,
То яке бархезад аз ҳар санг оҳ,
Оҳи кӯтоҳат шавад овозҳо,
То туро бинанд аз дур,
Бишнаванд аз дур ҳам…
Тухми мо дар рӯи олам он қадар бисёр нест,
Лек то кӯҳу камар барҷо бувад,
Халқи мо он қадр каммиқдор нест.
Бо хурӯше, балки бо як норасо фарёд ҳам
Медиҳад овоз кӯҳистону дар оғӯши он
Мо фаровон мешавем,
Мо ҳазорон мешавем.

пешина
аз 110
навбатӣ