Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳфилу маҷлису хонишу сароиши достонҳои ҳамосии “Шоҳнома” мекардем, ки баробари бузургдошти ниёгон қомати мардум барозанда мешуд. Мо ҳам забони форсии шевою тавоное мехостем, ки мояи ифтихору қадру шинохти фарҳанги миллат бошад. Ва ройсозу ройзани он ҳама кӯшишу полишу пажӯҳиш шоирон буданд.
Бар асари судманди шеъри нави Эрон шеъри мо низ рафта-рафта оростаю перостаю мураттаб мегардид. Қаблан ҳатто унвони асарҳои шоирон шоирона набуданд — байрақи сурх,шарқи озод, симои халқ, ватани ман, давлати ман, фотеҳон, баҳодурон ва ҳоказо сарлавҳа доштанд. Ахир офтобборону чашми сафедору тарозуи офтобу боли оташ барин унвонҳо мегирифтанд.
Вале хурсандии мо ба Эрони аҳуроӣ дер давом накард, балки дар як чашм бар ҳам задан гузашт. Ба қавли Нодири Нодирпур, мо нигарон будем, ки аз уфуқи Ховарон офтоби зарнисори ориёнӣ мебарояд, вале офтобе баромад бо ҷомаю ҷандаҳои қадимӣ, бо чакмаҳои қадимӣ.
Шиддати ханда чунон буд, ки гирйидем, Шиддати гиря чунон буд, ки хандидем.
Ва дар як он Эрон ҳамчун соати регӣ баргардон шуда,ҷойи форсиҳои муқаддаси моро дубора арабӣ гирифт ва адабиёт аз моҳ ба чоҳ афтод. Ҳавзаи шеъри нав ҳам ба ҳар дару дарвозае парешону пароканда шуд.
Аз баъди он ман Сиёвуши Касроиро дар Маскав дидам, ки вазъаш хуб набуд, шикастадилу рӯҳафтода менамуд.
Пасон шунидам, ки дар Утриш (Австрия) фавтида. Ёдаш ба хайр, аз он шодравон рубоии зерин ҳамеша вирди забони ман аст:
Поиз маро хотирарез аст ҳанӯз, Ёди ту дар он миён азиз аст ҳанӯз.
Ёди ту бувад мисли ғизоле, ки ба санг Мондасту валек дар гурез аст ҳанӯз.
Сояро дар Теҳрон дар таҳхонаи сояравшане мулоқот карда, сураташро равшан надидам, як риши сафеди то ба миён буду бас. Ҳавсалааш пир шуда буд, ки тафсири ғазалиёти хоҷа Ҳофиз мекард. Ҳамон Сояе, ки гуфта:
Бистарам
Садафи холии як танҳоист
Ва ту чун марворид
Гардановези касони дигарӣ.
Ва ҳамон Сояе, ки навишта:
Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ, Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ...
Ба ҳамон Сояе, ки Фурӯғи Фаррухзод ҷавобаш гуфта:
Эӣ моҳии тилоии мурдоби хуни ман, Хуш бод мастиат, ки маро нӯш мекунӣ!
Дар сояҳо Фурӯғи ту биншасту ранг бохт, Ӯро ба соя аз чи сияҳпӯш мекунӣ?!
Ва бо ҳазор дарду оҳи сард оромгоҳи Ахавону Фуруғро бӯсидам, вале аз санги оромгоҳи Сӯҳроби Сипеҳрӣ бӯсае вом дорам.
Нодири Нодирпур ҳам чанде ғайб зад. Мегуфтанд, ки дар Теҳрон нест, аммо дар куҷост, касе намедонист. Дар ин миён меҳмоне аз эрониёни бурунмарзӣ “Субҳи дурӯғин»-ро овард, ки даст ба даст гашта, дафтар ба дафтар рӯнавис мешуд. Аз байти зайл маълум шуд, ки шоир паноҳандаи Аврупост:
Боз омадам ба шаҳри шигифте, ки осмон Чун сақфи куҳна бар сари ӯ чакка мекунад.
Ахир,дар Душанбе ҳам тазоҳурот оғозида, аз ҳар маноре бонги арабию аз ҳар гӯшае дастаи ҷиноятпешае бархост ва ҳавзаи шеъру шоирии мо низ аз ҳам рехт. Яке аз дунё гузашт, яке кушта шуд, яке вопас ба куҳнасароии урфӣ баргашт, яке ҷилои ватан карду рафт ва ман зиндонӣ шудам.
Аммо дар зиндон ҳам ман ҳамчунон бо шеъри нав будам. Ҳуҷраи танги шабу рӯз бастаи зиндон аслан шабу рӯз надошт. Бинобар ин намедонам, шабе хоб дидам ё рӯзе, ки ҳамсарам пушти дарвозаи зиндон маҳзун нишастааст.

пешина
аз 110
навбатӣ