ЗАМИНИ МОДАРӢ

Пурсид, ки чӣ биёрам? Гуфтам нону коғазу «Субҳи дурӯғин»-ро биёр. Дигар бегуфтугӯ бархоста рафт. Дере нагузашта хобам рост баромад, аз зери халтаи ноне як баҳорунд коғази сафеду қаламу “Субҳи дурӯғин»-ро гирифта, дар тааҷҷуб мондам. Сипас “Субҳи дурӯғин” буду ману дару девору симхору қулфу занҷиру кайку канаю мушу решу харош.
Дигар Нодири Нодирпур ман будам, ки мегуфтам:
Куҳан диёро, диёри ёро, дил аз ту кандам, вале надонам, Агар гурезам, куҷо гурезам, в-агар бимонам, куҷо бимонам...
Вақте ки аз зиндон баромадам, дар дастам “Субҳи дурӯғин”-и мушхӯрдае буду бас. Ва чашмонам тобу тоқати рӯшании табиӣ надоштанд ва ҳанӯз ҳам аз рӯшании офтоб худ ба худ баста мешаванд. Ман гоҳе фаромӯш мекунам, ки зиндон будам, гӯё як баҳору тобистону тирамоҳу зимистон дар ҳуҷраи танги хароботе чиланишинии шеъри Нодири Нодирпур мекардам. Вале ҳанӯз ҳам ҳарорату ҳаяҷони дилу ҷонам аз ин суруди тозаи минуии паҳлавӣ фурӯ нанишастааст.
Сурату суваре, ки ӯ нигорида, аз сурату сувари ҳақиқии табиӣ беҳтаранд. Дарахти нозанинеро, ки бо соқаи кашидаи баланду ҷомаи кӯтоҳ тасвир кардааст, аз дарахти боғ зеботару хӯшаю донаҳои пухтаи “Шеъри ангур”-аш аз хӯшаю донаҳои пухтаи ангурҳои боғ ширинтаранд. Меваи гунҷишкҳояш, ки бар шохаҳо нишастаанд, аз меваҳои ҳақиқию шукуфаи барфаш, ки бар шохаҳо шукуфта, аз шукуфаи ҳақиқӣ ҷолибтар аст. Дурбини чашмааш (чашмаи обро ба шишаи дурбин нисбат дода), ки дар он парандаҳо менамоянд, бинотар аз чашмаи воқеъист ва алмоси чашме, ки ӯ дидааст, аз алмоси асил тезтар аст, ки шишаи дилҳоро хат кашида мебурад. Ба масал, Рустами достонӣ беҳ аз Рустами систонист. Агар ҳамин тавр намебуд, нафаре гирди адабиёт намегашт ва агар ҳамин тавр набошад, нафаре гирди адабиёт намегардад.
Ва сеҳру афсуну ҷозибаю ҷодуии сароишу нигориш дар он аст, ки ашёи дастрасро ба ашбоҳи дастнорасе бадал месозад, ки аслан вуҷуд надорад, вале зиндатар аз ашёи мавҷуд ҷилва менамояд. Ба мисле, ки дар хоби мо ҳама чиз ба шабаҳу сояву суробҳои ҷодуии ҷондоре баргардон мешаванд. Гоҳе шаклан низ иваз шуда, коҳе кӯҳу хасе, касу гулхане, гулшану сӯхторе, лолазору шишапорае чашмаи оби зулол мешавад ва баръакс. Яъне ашёи оддии одатӣ ба ашбоҳи ноёби сеҳрноке табдил меёбад. Ва ҳамин ки ба ашбоҳи ноёби серҳрнок табдил ёфт,дигар шеъри тап-тайёр хоҳад шуд. Ба қавли Мирзо Бедил:
Шабе, к-аз хаёли ту гул чида будам, Дар оғӯши сад ҷилва хобида будам.
Ба мижгон кушудан ниҳон гашт, Бедил, Ҷамоле, ки пеш аз нигаҳ дида будам.
Бар ин бино, вақте ки устод Нодири Нодирпур дар қиёфаи ҳайкалтарошон бо риши расидаю мӯйи жӯлида остин барзада мегӯяд, ки:
Пайкартароши пираму бо тешаи хаёл Як шаб туро зи мармари шеър офаридаам, То дар нигини чашми ту нақши ҳавас ниҳам, Нози ҳазор чашми сияҳро харидаам..., пайкару пайкартарошиаш пиндор аст, ба кирдори чашмбандию сеҳру афсун, ки аз ҳайрат даҳани пайкартароши ҳақиқӣ воз мемонад. Мақоми ҳунарпешае, ки бо имову ишорат нақши ҳавоии ҳайратангезе менамояд, ки натанҳо фаҳмида,ҳатто дидаю шунида мешавад.
Ва шеърияте, ки дар савту садову намуду намои аносиру ашёст, дар худи аносиру ашё нест. Дарахте, ки дар пушти шишаи мошини шитобанда якпоя медавад, шеърияте дорад, ки дарахти истода надорад. Зулфи сабзи беде, ки шамолакаш мебофад, шеърияте дорад, ки худи бед надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё