ЗАМИНИ МОДАРӢ

Дар ҳоле, ки ҳатто Абдулло Дӯст бо афту андоми ғажду риши ҳафтаҳо натарошидааш ба духтарон гап мепартофту ошиқона шеър мехонд. Дар вақте, ки мо ҳама ба дили худамон шефтаю шайдо будем. Ва дар сурате, ки ба қавли Нодирпур шеъру ишқу қимор, ки моли шайтонанд, ҳамаро васваса хоҳанд дод:
Иблис, эй худои бадиҳо, ту шоирӣ, Шоир туӣ, ки ин ҳама шӯр офаридаӣ!
Ғофил манам, ки ин ҳама афсӯс хӯрдаам.
Ишқу қимор шеъри худо нест, шеъри туст, Дар ишқу дар қимор касе порсо намонд…
Вале Мастони мо дар ин бобат поку покизаю порсо монд, ки монд.
Зеро фарзанди мулло Шералӣ буд.
Ман падари бузургворашро низ дида будам дар қишлоқаки Зериҳисори дараи Панҷрӯд, дар дами дарвозаашон. Зоҳиран аз мӯсафедони хоколӯди офтобу шамолхӯрдаи қишлоқи мо фарқ надоштанд. Ва ҳамчун муллову махсумҳои мо мут кардаю ришро панҷа кашида, шурӯъ намекарданд. Балки ҳамчун Мастон ҳадаҳа ва бо шеъру мақолу зарбулмасал сухан меронданд. Байти зеринро аз забони он кас шунида будам:
То тавонӣ, пардаи мардон мадар, То надаррад пардаат марди дигар.
Ёдашон ба хайр бод.
Зимнан, замоне ки дар идораи «Маориф ва маданият»
кор мекардем, редаксияи мо ба шарофати муҳаррири достониаш Бӯриннисо Бердиева натанҳо ҷойи «Дисидент»- ҳо, балки меодгоҳи беҳтарин ҳунарпешаҳо ба ҳисоб мерафт.
Мулук Баҳор ва хусусан Лайло Шарифоваро дида, аз чашмони дарёрангаш ҷо ба ҷо сеҳру тилисму афсун мешудем, ҳамчун парандае аз ҷозибаи мор, ҳамчун хобгарди моту мабҳуте аз ҷозибаи шаби ширмаҳтоб. Ва шеваи ширини форсиаш мусиқии морбозро мемонд. Лекин Мастони мо маъсумона табассум мекарду халос.
Мастон муносиб ба завқу табъи хубаш феъли хуб низ дошт. Баръакси ҷӯрааш Қутбӣ, ки гӯё фишори хунашро бо ҷанҷол муътадил мекард.
Дар рӯзҳои адабиёту санъати тоҷик дар Доғистон ману Мастон ҳам будем, дар ду гурӯҳ, вале шомхӯриҳоямон умумӣ буданд.
Дар таҳти танини гулӯсӯзи соғарҳо аз ҳама пеш Ибод Файзулло не, худи мизбонамон Расул Ғамзатов маст мешуд, вале ҳанӯз нашӯрида, муридонаш бардошта мебурданд.
Гоҳе ману Лоиқ ба тариқи лапар дубайтӣ мехондем. Як дафъа Расул Ғамзатов низ аз мо илҳом гирифта, бо ду-се шоири доғистонӣ лапархонӣ кард. Гулрухсор ҳам базмро гарм медошт, шеър мехонд, гап мезад ва гоҳе сари овози моро мегирифт. Ва ҳамин, ки зиёфат хатм мешуд, калавидакалавида ба автобус менишастем ва беихтиёр хобамон мебурд. Боре дар ҳолате, ки Мастон ёзида хуррок мекашид, Фотеҳ Ниёзӣ асабонӣ шуда, сахт ҷанҷол кард. Аммо дар зиёфати дигар ҳарду бо ҳам нишаста, ғарқи ханда менамуданд. Чунки ҳардуяшон шахсони дилсофу беғуборе буданд.
Чанд соли ахир ман пайдарҳам бародаронамро гӯр мекардам ва ниҳоят касе аз онҳо боқӣ намонд. Ва дар ҷанозаи ҳар кадоме Мастону Убайд Раҷаб иштирок карда, то ба сари хокдон мерафтанд. Дар сурате, ки худи мардуми қишлоқи мо қариб ҳеҷ вақт аз хандақи гӯристонашон дарун қадам намемонанд, Убайд Раҷабу Мастон Шералӣ борҳо даромадаанд. Вале ҳайфи ман, ки боре ҳам ба зиёрати оромгоҳи Мастон нарафтаам. Умуман ёддоштҳои ман аз Мастони азиз моломол аст, дил мехоҳад, ки нависаму нависам. Зеро дар бораи ӯ навиштан бисёр осон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё