ЗАМИНИ МОДАРӢ

Мо Мастонро ниҳоят бармаҳал аз даст додем. Замоне, ки ҳанӯз ҳеҷ чизи ҷавонӣ аз сурату сираташ насутурда буд.
Ҳатто писарбачаҳояш талабаҳои мактабӣ буданд. Рӯзҳое, ки табиат ҳам акнун рангу бӯйу баргу бор мегирифт. Бозори «Баракат» бӯи сабзавоту меваҳои пешпазак мекард. Як пагоҳӣ тасодуфан дар дарвозаи бозор дидам, ки касе мушунги сабзи пухта мефурӯшад. Ҳамоно Мастон ба хотирам расид ва се-чор истакон харида, рост ба хонааш даромадам. Нисбат ба пештар хеле лоғар менамуд, ранги рӯяш кабуди хокистарӣ ва зардии чашмонаш ганда ба назар мерасиданд. Лекин табассуми мастониаш дар лаб ҷӯш мезад. Халтачаи мушунги сабзро ба дасташ дода гуфтам, аз неъматҳои деринаи қишлоқию бачагии ман аст. Аммо бисёр нахӯр, шӯр аст, зарар мекунад, фақат барои дидану чашидан овардам. Охирин дидори ману Мастони азиз бо баҳонаи ҳамон як панҷа мушунги сабз буд…
Инак, гоҳ-гоҳе ғарами расмҳоямро, ки тагурӯ мекунам, ҳатман аз қабати онҳо Мастон мебарояд. Суратҳои якҷояе, ки дар идораҳои «Маориф ва маданият», «Садои Шарқ», Иттифоқи нависандагон бо Бӯриннисо Бердиева, шоира Жолаи Исфаҳонӣ, шоири украин Анатолий Таран…
гирифтаем.
Расмҳои одамони хуб, рӯзҳои хуб, суратҳои ҷавонӣ.
Мастон дер боз нест ва ман ҳам кайҳост, ки дар Душанбе нестам. Хориҷа он қадар афсурдаю пажмурдаю калу кӯрам кардааст, ки худамро дар оина дида намешиносам. Баъзан ба ин суратҳои азиз менигараму оби чашмам рехта-рехта мегӯям:
Эй акс, нишони рӯи моҳе будӣ, Аз тозаҷавониам гувоҳе будӣ!
Ман пир шудам, вале ҷавонӣ ту ҳанӯз, Ҳаққо, ки рафиқи нимароҳе будӣ.
Воқеан ҳам ин суратҳои куҳна ва ҳам Мастони азиз рафиқони нимароҳи ман буданд.
Мастон ақида дошт, ки шоир бояд ҷавон бимирад.
Вақте ки Муъмин Қаноат бо достони «Сурӯши Сталинград»-аш машҳур шуд, Мастон мегуфт, ки агар дар авҷи ҳамин шуҳрат бимирад, ҷовидона шуҳратманд хоҳад монд, ҳамчун Пушкин, ҳамчун Ҷорҷ Байрон, зайли Лермонтов. Лекин аз ин нияти шоирона худаш нобуд шуд, дар байни ҷавонмардию фаъолияти эҷодӣ.
Ман боре навишта будам, ки:
Гарчи мардум ҳарчи мегӯянд…
Чӯби сад доре ба хуни шоирон сурхида мегӯянд, Шоиреро дар фалақ куштанд мегӯянд, Шоиреро сӯхтанд,
Хокистарашро ҳам ба оби Даҷла афканданд, Шоиреро дӯхтанд аз гуфтугӯ лаб…
Гарчи мардум ҳарчи мегӯянд…
Кӣ чу ман дар орзӯи номи ҳофизвор нест, Кӣ намехоҳад, ки якто не,
Камтарин бошад, валекин шоире бошад, Шоҳкоре не агар, байте бимонад ёдбуд Дар забони миллати худ.
Мастон дар забони миллати худ беҳтарин шеърҳо ба ёдгор гузорида. Ҳар ҷо, ки сухан аз ватану ватандорӣ равад, мудом байти зарини ӯ вирди забонҳост:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди ватан, Дарватанбудаи бе ёди ватан беватан аст.
Мо дар Америкаи дурдаст худамонро бо ҳамин байти Мастони шодравон таскин медиҳем.
Ҳозир ҳар касеро, ки дар кӯчаву бозор набинӣ, китобу китобчаашро тақдим месозад. Аз дари касе, ки надароӣ, пеш аз салому алейк маҷмӯаи шеърашро дароз менамояд. Ба ҳар девонае, ки дучор нашавӣ, девони ғазалашро ба дастат медиҳад. Китобнависоне ҳам ҳастанд, ки китобҳояшон албоми хонаводагист, пуропур аз суратҳои худашону завҷаҳояшону хусуру хушдоманашон ва ҳатто худашон худро устод менависанд, ки харро ханда мегирад. (…) Инак, натанҳо ҷамъият, балки шоирӣ ҳам, устодӣ хам, китобнависӣ ҳам, унвонгирӣ ҳам мазоқу масхара шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё