ЗАМИНИ МОДАРӢ

Аз ҷумла:
Убайди Раҷаб, ба шаҳри Хоруғ Дигар ту мазан ба шоирон дӯғ, Дар мошина биншинӣ, марав хоб, Гар гӯшт хӯрӣ, мазан ту оруғ.
Ва ҳар дафъае, ки устод ба саҷда рафта, сарашро қариб ба бордони мошин мезаду мо механдидем, «бас аст фачигарӣ» мегуфт. Ман ҳамин ибораро ҳам нағз мебинам.
Дар ҳақиқат баъзан фачигарии мо аз ҳад мегузашт, вале устод Убайд муносибу мутаносиб ба ҷисму ҷуссаи тавонояш нозу эркагии моро мебардошт.
Ахиран устод Убайд Раҷаб дигар муҳаррири «Садои Шарқ»-у хуҷаини ман набуд, акнун ҳардуямон ҳамчун мушовирони назми Иттифоқи нависандагон баробар будем.
Ҳуҷраҳоямон низ баробару дарбадар буданд. Аммо ҳуҷраи ман аксаран баставу ҳуҷраи ӯ ҳамчун оғӯшаш, ҳамчун пешонии фарохаш, ҳамчун чеҳраи гармаш ҳамеша кушода.
Аммо ҳуҷраи ман ҳамчун мазор хомӯшу ҳуҷраи вай ба маҷлисгоҳи ҳарифонае мемонд ва нуқли маҷлисҳояш чойи хушбӯе аз чойкаҳаку кокутию нозбӯйу ҳулбӯ. Чойникаш зери кулоҳи сурхи махмалие дам мехӯрд, ки мо онро ба шӯхӣ кулоҳи Убайд Раҷаб меномидем. Чояш бо нони хушке, ки тар карда мехӯрдем, мазза дошт.
Шоирон маъмулан бад зиндагӣ мекунанд ва агар зану бачаву качаи бисёр дошта бошанд, бадтар. Бар замми ин, папироскашию носкашию шаробхорагӣ барин одатҳои бад ёрашон шуда, ба зудӣ фартуту фарсудаю пир мешаванд.
Вале дар миёни садҳо нафар Убайд Раҷаб истисност, оилаи калон надорад ва аз даҳанаш ҳанӯз ҳам бӯйи шири модар меояд. Ва ҳамсари ҳеҷ шоиру нависандае ба нохуни ҳамсари ӯ намеарзад. Дар хонаи онҳо фақат ҷон-ҷон мешунавӣ. Ҳамин аст, ки ҳама мӯсафед шудему барфи парешони пириро бар боми баланди сари ӯ надидем.
Сад сар сафед шуд
Дар рӯбарӯи ту,
Аммо нашуд сафед
Як тори мӯи ту.
Дар базми кӯдакон
Кӯдактар аз ту нест,
Резад ба номи шеър
Шир аз гулӯи ту.
Чуноне болотар аз шаҳри Хоруғ ёд кардем, сафари беҳтарини мо ҳамон буд.
Ба як сӯ барфу як сӯ пухта гелос, Аҷаб фаслест тобистони Дарвоз…
Дар Дарвоз шаҳтут пухта, ҳамчун қатраҳои хун мечакид. Ба хонаи муҳаррири газетаи районӣ даромада, шаҳтут фармудем. Лекин вақте ман дидам, ки як кампираки бечора ба дарахт баромада, барои мо шаҳтут мечинад, дилам накашид. Устод Убайд, ки ин манзараро надида буд, чунон бо иштиҳо ва панҷа-панҷа шаҳтут мехӯрд, ки ман ҳанӯз ҳам ош шавад, нӯши ҷон шавад, мегӯям. Ҳатто ба мӯру мӯрча аҳамият намедод.
Зимнан дар Америка ҳам боғу боғдорӣ ва меваю чева фаровон аст. Себи хубонӣ, ки мепазад, то чанд моҳ ҳавои нафасат бӯйи себ мекунад. Хӯшаҳои олӯи сиёҳу зард ба шаддаҳои каҳрабо мемонанд. Кадучаҳои ноки пухтааш айни озин бастани арчаҳои солинавист. Дар зери ҳар дарахти чормағз ғарам-ғарам чормағзи рехта мехобад ва ин ҳама мерезаду мепӯсаду мерезад. Америкоиҳо ба мевае, ки «дезинфекция» нашуда бошад, даст намезананд, фақат аз магазин мехӯранд. Зеро аз табиат ҷудо шудаанд. Ба ҳамин минвол адабиёту санъату шеъру шоириашон низ. Агар аҳёнан шоире барояд, аз шаҳр мебарояд. Яъне баръакси мо, ки шоиру шеъру шоириамон қариб батамом қишлоқист. Дар адабиёти ҳазору андсолаи тоҷик шоири шаҳриро намедонем. Ҳанӯз аз Душанбе шоире набаромадааст. Бар ин асос образҳо, ташбеҳоту тасвирҳои адабӣ қариб ҳама қишлоқианд. Агар Убайд Раҷаб:
Шаршара ҳусни дара,
Ҳусни дара шаршара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё