ЗАМИНИ МОДАРӢ

Рӯзе, ки офтоб аст,
Шаршара нуқратоб аст.
Монанди мӯйи момом,
Монанди риши бобом, - мегӯяд, манзураш мӯйи сафеди кампираку риши дарози мӯсафеди қишлоқист. Ё ин ки:
Сӯзандони раҳгардон,
Пури сӯзан сӯзандон.
Чунин сӯзандони раҳгардонро дар боғу полизҳои қишлоқ метавон дид. Фароштуруки Убайд Раҷаб як гунҷишкаки муҳоҷир не, узви хонавода ва Алопараш посбони дару даргоҳи қишлоқии ӯст.
Дар ҳузури бачаҳои мактабӣ ман шеър надоштам, ё «Момоҷурғотак»-ро мехондам:
Момоҷурғотак,
Чаро ту хурдак,
Болу паракат
Сурхаку зардак?
Чаро ту мудом
Аз саҳар то шом
Боло меравӣ,
Куҷо меравӣ?
Момоҷурғотак,
Ҷурғотат канӣ?
Соли нав омад,
Савғотат канӣ?
ё «Фароштурук»-ро:
Фароштурук,
Фароштурук,
Думат миқроз,
Омадӣ боз.
Аз лаби сой
Овардӣ лой,
Шифти хона
Мондӣ лона.
Бача кардӣ,
Кача кардӣ,
Лонаат шуд
Аз бача пур,
Бо бачаҳот
Ширкулча хур.
Агар, ки бисёр чапак мезаданд, дар давоми барномаи ман шеърҳои Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Нӯъмон Розиқ, Гулчеҳра Сулаймонӣ ва устод Мирсаид Миршакар буданд, ки ҳавоӣ-ҳавоӣ мехондаму чандон ҷиддӣ намегирифтам.
Вале акнун, ки китобҳои дарсию дарёву уқёнуси маҷмӯаҳои навбаромадро варақ мезанаму шеъру шеървораю шеъргунаҳои ахирро хонда, муқоиса мекунам, адабиёти советии мо аз ин ҳама дажғол, аз ин ҳама музахраф ҳазор бор бартарӣ дорад. Ҳанӯз ҳеҷ касе аз адибони советӣ нагузаштааст. Инак маълум мешавад, ки Мирсаид Миршакар барҳақ классики адабиёти бачаҳои тоҷик мебошад. Лекин дар ин мақола манзури ман танҳо рафиқию бародарии 36-солаи ману Убайд Раҷаб аст. Дар миёни он ҳама рӯзҳои хубу нохубе, ки аз сари мо гузаштанд, муҳаббату эътиқоду ихлоси Убайд Раҷаб барои ман пари симурғу як туғ мӯйи сеҳрноке буд, ки ҳар вақте сӯхта дуд мекардам, филфавр ҳозир мешуд. Вале имсол шунидам, ки ба сабаби беморӣ омада наметавонад, дарун-дарун гириста, ба зиёраташ рафтам. Боз як бори дигар дасти ҳамдигарро гирифта, бародарвор фушурдем.
ЗАВҚИ ШЕЪР
Ҷойе, ки чаккаҳои гиҷу гарангро панҷаҳои хушки склероз сар медиҳад, маҷлису маҳфили шеъру шоирист.
Ва чизе, ки рагу пайванди печидаву шӯридаро гиреҳгиреҳ мекушояду заррабони набзу қалбро муътадил месозад, шеъру завқи шеър аст.
Чуноне ки дар хонае кӯдак бошад, ғайбат намешавад, дар ҷойе, ки шеър бошад, кӯдакиву маъсумии кӯдакона асту бас. Бинобар ин, императорҳои Япония қабл аз оне, ки ба ҳукми қатле имзо намоянд, ҳафтае ғайб зада шеърхонӣ мекунанд, ҳамчунин моҳи таътилашонро бо мутолиаи китобҳои шеър мегузаронанд. Баръакси президентҳои Америка, ки таътилашон ба қимору қартабозӣ мегузарад.
Шеър зебоии зебоиҳо, хушрӯии хушрӯиҳо, қашангии қашангиҳост… Шеър табиати зеборо зеботару одами хушрӯро хушрӯтар ҷилва медиҳад. Қаҳрамонҳои “Шоҳнома” аз тасвирҳои Фирдавсӣ бартар набуданд, ки гӯё худаш ҳам бадеҳатан гуфтааст:
Манаш кардаам Рустами достон, Вагарна харе буд дар Систон.
Аз достони рафтани Зол ба назди Рӯдоба:
…Баромад сияҳчашми гулрух ба бом, Чу сарви сиҳӣ бар сараш моҳи том, Каманде кушод ӯ зи сарви баланд, Кас аз мушк ин сон напечад каманд, Хам андар хаму мор бар мор буд, Бар он ғабғабаш тор бар тор буд.
Фурӯ ҳишт гесӯ аз он кунгура, Ки ёзиду шуд то ба бун яксара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё