Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз бора Рӯдоба овоз дод, Ки эй паҳлавонбаччаи гурдзод, Бигир ин сари гесу аз як суям, Барои ту бояд ҳама гесуям, Бад-он парваридам ман ин торро, Ки то дастгирӣ кунад ёрро.
Нигаҳ кард Зол андар он моҳрӯй, Шигифт омадаш инчунин гуфтугӯй, Бисоид мушкинкамандаш ба бӯс, Ки бишнид овози бӯсаш арӯс.
(Ҳол он ки Фирдавсӣ устоди назм буд, на устоди шеър.) Дар маърака безебтарин одами завқманд аз базебтарин одами безавқ базебтар аст ва мавриди гуфтор барзангии филҷуссае тадриҷан ба мушу ноҷинсаки соҳибзавқе ба фил табдил меёбад. Ба ҳар самаворе, ки Саъдӣ сар мезад, фавран базлахонӣ мешуд ва давранишинон панду ҳикматашро ҳамчун тӯмор навишта, табаррук мебурданд:
Саъдиё, хуштар аз забони ту нест Туҳфаи рӯзгори аҳли шинохт, Офарин бар забони ширинат, К-ин ҳама шӯр дар ҷаҳон андохт.
ххх Аҷаб, гар бимирад чунин булбуле, Ки аз устухонаш нарӯяд гуле.
Парии Ҳисорӣ парӣ набуд, балки ҳамчун фатири мухпарзадае чутӯру обиларӯе будааст, вале ғазалаш парӣ буд, забонаш парӣ буд:
Парӣ чун рӯғани поки Бухоро Шунидан дораду дидан надорад.
Умуман, дар ин хусус қаблан каму беш навишта будем. Навишта будем, ки Соиб девонаш дар бағал аз Исфаҳон ба Кашмир меравад, ки онро бо байти зерини Ғанӣ иваз намояд:
Холи сабзе ба хати сабз маро кард асир, Дом ҳамранги замин буд, гирифтор шудам, Ғанӣ қабул намекунад.
Ё Нодиршоҳи афғон матлаи Махфии Бадахшӣ – Шафақро лолагун дидам намози шом дар гардун, Магар хуршедро куштанд, дорад домани пурхун?
–
ро шунида, ба Бадахшон меравад, ки кампирро зиёрат кунад.
Ва низ борҳо ёд кардаем, ки беҳтарин девони шеъри форсӣ девони ҳаким Лоадрист (маҷмӯаи шоирони гумном), шоироне, ки:
Хеш беному шеърашон номӣ, Ҳама ҷо вирди орифу омӣ.
Аз ҷумла қитъаҳои зеринашонро хуб медонем:
Мастӣ баҳона кардаму чандон гиристам, То кас нагӯядам, ки гирифтори чистам.
Ё раб, чи чашмаест муҳаббат, ки ман аз он Як қатра об хӯрдаму дарё гиристам?!
Ё ин ки:
Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?
Чин бар ҷабин фиканда зи андӯҳи кистӣ?!
Дардат чӣ дард буд, ки дишаб тамоми шаб Сарро ба санг мезадиву мегиристӣ?
Ва ҳамчунин, шоирони номаъруфе ҳамчун Абулҳайи Рустоқӣ ғазалҳои маъруфе гуфтаанд:
Эй ба дидаам торик моҳи осмон бе ту, Сина чок-чокам ман ҳамчу Каҳкашон бе ту.
Настаран кафан пӯшад, лола хуни дил нӯшад, Ман наметавонам буд зинда дар ҷаҳон бе ту…
Ва камоли завқ он аст, ки шеърро (образро) аз назми хушку холӣ (ҳарфи урён), ки ғарами регро мемонад, ҳамчун заррачаҳои тилло фарқ кардаву рабуда тавонӣ…
Албатта завқро ҷустуҷӯ кардан лозим нест, ин чиз дар ботини ҳар касе ниҳон аст ва гоҳу ногоҳ бар асаре ҷӯш мезанад. Бар ин бино, фалонӣ табиатан ҳофизу фалонӣ табиатан шоиру фалонӣ табиатан фалон мегӯянд.
Ҳамин аст, ки рассомиву мусиқиву шеъру замзамаву усул зуҳур кардааст. Ҳатто ба дороиву нодорӣ, бойиву камбағалӣ ҳам вобаста нест. То ба ҳамин асрҳои ахир англисҳои империалист, ки аз фарбеҳӣ варамида, қариб мекафиданд, безавқтарин мардуми дунё ба шумор мерафтанд (ҳанӯз ҳам карахтанд). Ва инак, ба эътирофи умум безавқтарин мардуми ҷаҳон америкоиҳои империалист мебошанд. Америкоиҳои маъмулӣ чунон хушку бефаҳму хунсарданд, ки ба ғӯлачӯб мемонанд. Аз панҷ эҳсоси ботинӣ (хаёл, ваҳм, ҳофиза, тафаккур, шуур) ва панҷ эҳсоси зоҳирӣ (зоиқа, босира, сомеа, шомма, ломиса) танҳо ҳисси зоиқаашон кор мекунад, фақат чипсиву пепсӣ, фрайзу ҳаддог медонанду тамом. Онҳоро дину калисо ҳамчун улоғ зину лаҷом зада, бар пушташон капитализми хунхорро шинондааст, ки ҳар қадар мехоҳад, саворашон шавад. Бо мӯсафеди сарсафеди америкоӣ, ки аз истеъмоли ғизои химиявӣ шикамаш дамида то ба зону халта зада, ғабғаби гарданаш ҳамчун ҷоғар то ба синааш овезон аст, аз ҳеҷ мавзӯе чақ-чақ карда намешавад. Ба қавли устод Улуғзода, “барзагов гул набӯяд ва ёрии булбул наҷӯяд”.

пешина
аз 110
навбатӣ