Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устодони мо он қадаре ки бо шавқу завқ, бо лаби сӯзону бо даҳани пуроб аз самбӯса чақ-чақ мекарданд, аз шеър намекарданд.
Ман қариб саросари Тоҷикистонро гашта (як-ду дафъа дар Самарқанду Бухоро ҳам будам), аз даҳани мардум фақат се-чор байти классикӣ шунидаму тамом.
Яке аз қишлоқи Амондараи Панҷакат, ки мавриди суҳбате домуллое гуфт:
То тавонӣ, пардаи мардон мадар, То надаррад пардаат марди дигар.
(Ёдаш ба хайр.) Дигаре дар қишлоқи худам, аз даҳани охунди Шариф:
Такя бар офияти қомати пирӣ ситам аст, Бедил, аз сояи ин хамшуда девор баро!
(Ёдаш ба хайр бод.) Ва аз даҳани Ҳикмат Ризо:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ мавлоно нашуд Муллои Рум, То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
(Ёдаш ба хайр бодо.)
Умуман, адабиёти классикӣ ҳеҷ вақт ҷузъи зарурии рӯзгори тоҷикон набудааст, чуноне ки дар миёни эрониёну тоҷикони Афғонистон мушоҳида мешавад.
Агар аҳёнан ягон байте донанд, ҳамонро ҳам вайрон мегӯянд. Мақолаву рисолаҳои олимонро хонда, асабонӣ мешавӣ – ҳар иқтибосе аз ҷинси шеър меоваранд, албатта, ғалат аст.
Дар омади гап, мо дар университет бештар аз бист устоди забону адабиёт доштем, ки аз онҳо ба ҷуз дафтарҳои “конспект” хотирае намондааст…
Ҳар эроние, ки даҳан кушояд, аз нафасаш атри гуворои ин адабиёт ба димоғ мерасад. Ҳатто як таксичӣ гулчини шеъру ғазалро аз ёд медонаду бо камоли завқу шавқу ҳаяҷон мехонад. “Шоҳнома”-ро ман аз забони шофирҳо мешунидам. Ноиби вазири умури хориҷӣ оқои Маликӣ ба шеър бо ман суҳбат мекард…
Воқеан, шеъру шоирӣ касабаест, ки ба қавли Гёте маъюбу маҷрӯҳу маслуқу касалмандони бадбахту бечораро гирд меоварад. Ин бадбахтони бесарнавишт худро ба шеъру шоирӣ зада, таскину тасалло медиҳанд.
Ҷамъияти қаландарону дарвешони ғорнишин ҳамеша дар атрофи шеъру ғазал ҷамъ меомаданд. Аз ҷумла Хоҷа Ҳофиз ҳам дарвеши ғорнишине буд. Муҳаммадро низ дар замонаш шоири девона меномиданд. “Мардумоне буданд, ки аз ислом саркашӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки оё мо барои хотири шоири девонае даст аз худоёни худ бардорем?.. ” “Қасам ба қалам ва он чи хоҳад нигошт, ки ту ба лутфу раҳмати парвардигорат ҳаргиз девона нестӣ…” “Расули асри шумо Муҳаммади Мустафо, ки шумо девонааш мехонед, ҳаргиз девона нест” (аз сураҳои “Сирот”, ”Қалам”, “Таквир”)… Ва шеър маъмулан аз ғаму дарду алам бармеояд:
Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст, Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст, Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост, Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст.
Жола Бадеъ аз дачаи нависандагон қимоб буд, мегуфт, ки дар шар-шари дарёву ҷир-ҷири чашмасор ва хониши мурғон шеър навишта наметавонам... Касе мегуфт, ки агар дар дараи Варзоб харро бандед, шоир мешавад. Не, намешавад. Агар ин хел мешуд, аз ҳар дараи кӯҳистон садҳо хари шоир мебаромад, на шоири хар. Яъне шеър ва илҳом ногузир гӯшаи узлату хилват металабад. Бинобар ин ғазалсароёни қадимии моро, ки дар харобот менишастанд, хароботӣ мегуфтанд.
Акнун лахте аз шеъри сиёсӣ. Намунаи барҷастатарини ин шеър “Шоҳнома”-и Фирдавсист.
Ғазал миллат надорад, ватан надорад, чеҳраю рӯю рӯҳи миллӣ надорад. Агар Ҳофиз гоҳ-гоҳе аз Шерозу канори оби Рукнободу гулгашти Мусалло ёд намекард, намедонистем, ки ғазалиёти ӯ моли чи миллату чи сарзамин аст. Зеро хамирмояи ғазалиёташ дину мазҳаб аст, ки миллату марзу буми миллӣ намешиносад. Вале “Шоҳнома” моломоли ғуруру ифтихори миллӣ ва марзу буми миллист:
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад, Куноми палангону шерон шавад, Ҳама ҷойи ҷангисаворон будӣ, Нишастангаҳи шаҳриёрон будӣ.

пешина
аз 110
навбатӣ