Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ин шеър шеъри инқилобу сангарҳо, тазоҳуроту шӯришҳо, шеъри издиҳому майдону хиёбонҳост, ки ҳамин ҳаштод сол пеш бо ғурриши Маяковский Москваро бедор мекард, бо путки обдори хашму ғазаби Иқбол ва Такуру Баҳор занҷири колониализми Британияро мешикаст, бо теғи қалами Нозим Ҳикмат чодари сиёҳи таассубро чок мезад, бо бонги Пабло Неруда мардумро ба кӯча мекашид. Магар ин шеър аз ғазали ғаноӣ коргартар нест:
Гуфтанд маро, ки чист он абри матир, К-аз тундари он дили башар дар зилзил?
Ин абри туфанг аст, ки аз боронаш Гуфтам, ки шукуфта лолаҳо дар сари дил.
Зинда бод шеъри сиёсӣ ва завқи сиёсии омма!
Шеър чист? Ҳазору як таърифи гиҷкунанда дорад, лекин ман ҳамин қадар мегӯям, ки се навъи санъат – санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва назм ба ҳам тавъаманд.
Аввалин мусиқӣ ҳуштак буд ва аввалин наққошӣ харошидаҳое, ки дар девори ғорҳо боқӣ мондаанд.
Аввалин шеър садоҳои ҳамоҳанг, чуноне ки ҳанӯз ҳам ҳиндуҳои америкоӣ месароянд. Аслан мусиқӣ чизе, ки бошад, шеър ҳам ҳамон асту расмкашӣ ҳам чизе, ки бошад, шеър ҳам ҳамон мебошад. Хусусан наққошӣ ва шеър бисёр наздиканд, нақш шеъри нонавиштаю шеър нақши навиштаро мемонад.
Шеър муъҷиза нест, тилисму сеҳру ҷоду нест, онро ҳар касе метавонад, ёд бигирад. Одам ҳама чизро тадриҷан ёд мегирад, ғайр аз ишқ. Ҳарчанд ҳеҷ шоире то ба охирин нафас гуфта наметавонад, ки шеърро ёд гирифтааст.
Шеър чӣ тавр навишта мешавад? Нахуст бояд мавзӯъро муқаррар кард, сипас мутобиқи он деталҳоеро ҷамъ овард, ки образнок бошанд. Яъне шеъри мавзӯъро бояд ёфт, ҳамчун тоби кундае, ки бояд кафонд. Масалан Нодири Нодирпур мавриди тасвири деҳкада ҳамон образҳоро ҷамъ овардааст, ки бидуни вазну қофия низ метавонанд, шеър бошанд: деҳкадаи сабзи кӯдакӣ, сояи парандагон дар оташи зуҳр, хилвати боронии шақоиқҳо, зери бори малоҳат хам задани рангинкамон, дар шутури кӯҳҳо сафар кардани сапеда… Вагарна гиҷу гаранг шуда, беҳудаю ҳадар қаламфарсоӣ кардан мегирӣ. Инак, мухтасари худи он шеър:
Сафар ба деҳкадаи сабзи кӯдакӣ кардам, Сафар ба сояи паррандагон дар оташи зуҳр, Сафар ба қавси қузаҳҳои зери бори малеҳ, Сафар ба хилвати боронии шақоиқҳо…
Сапеда дар шутури кӯҳҳо сафар мекард.
Албатта, ғазалиёти қадимӣ акнун меъёри завқ нестанд, айни экспонатҳои музей танҳо тамошоиянду бас. Дигар бо ташбеҳоти камони абрӯ, тири мижгон, зулфи сунбул, сарви равон, сарви сиҳӣ, сарви чаман…, ки ихтирои шеърсолорон буданд, ба маъшуқа хушомад зада намешавад, одам примитив менамояд. Ва акнун, ки сар то нӯги нохуни маъшуқа ҳамчун мурғи фарбеҳи паркандаю ҳамчун тухми пӯсткарда дар кафи дасти шумост, банди қабо бикшо, ниқоб аз рух барандоз гуфтан маъние надорад. Агар “плавки” бикшо гӯӣ, ин дигар гап.
Шодравон Ҷалол Икромӣ нақл мекарданд, ки аз як дидани кафши пойи занҳои фаранҷипӯш ҷавонони растаҳои Бухоро беихтиёр обу адо мешуданд. Ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ мегуфтанд, ки аз шир-шири эзорпочаи атлас форамтар чизе нест. Қутбӣ Киром қасам мехӯрд, ки аз эзорпочаи атласи занони чобуку чаққон шарора меҷаҳад ва Мастон Шералӣ билло рост, билло рост гӯён тасдиқ мекард.
Вале акнун завқи эстетикӣ дигар шудааст. Дигар шир-шири эзорпочаи атлас ба гӯши шоире намерасад ва агар худи онро ба гардани шоирон бандед, ба ваҷд намеоянд ва шарораи он ҳеҷ шоиреро нахоҳад сӯхт.

пешина
аз 110
навбатӣ