Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Як тараф водии васеи Ҳисор
Ҷанг бо ранги осмон мекард,
Як тараф рўди сероби Вахш
Водии хешро ҷавон мекард.

Ҳасани мо машинаи худро
Ҷониби Вахши дилкушо меронд,
Аз қафои машинааш танҳо
Чанги ғафсе дар осмон мемонд.
1952 – 1954
ЧАРОҒИ АБАДӢ

Интизорӣ

Шабе, ки то саҳар бедор будам,
Мушавваш, тангдил, ночор будам,
Нахуфтам, доштам уммедворӣ,
Диламро мефишорид интизорӣ.
Гирифта дуди тамбоку гулўям,
Хамида мўйи сар то чашму рўям,
Задам гўгирд, кардам боз хомўш,
Папирос даргирондан рафт аз ҳуш.
Қаду бар хонаро гаштам, нишастам,
Гирифтам хома бо ларзанда дастам.
Дилам мехост, ки шеъре нависам,
Намоям шарҳи дастонам, ҳадисам.
Агарчи хона ором аст дар шаб,
Ба шоир ҷойи илҳом аст дар шаб,
Нишастам, лек чизе ҳам нагуфтам,
Ҳама хуфтанд, танҳо ман нахуфтам.
Чаро ки доштам уммедворӣ,
Ба сўйи роҳ чашми интизорӣ.
Чӣ хомўш аст манзил дар дили шаб,
Шуда гўё, ки гунгу кар дили шаб.
Намеомад на овози хурўсе,
На ширин хандаи ошиқ арўсе,
На болу пар кушоданҳои мурғон,
На бо ҳам хўрдани шохи дарахтон.
Фақат аз боғ меомад насиме,
Насими атрбў, дилкаш, ҳалиме.
Шунидам ман фақат дарро кушода,
Нафасгирии аҳли хонавода.
Ба саҳни боғ ҷастам чун шарора,
Нигаҳ кардам ба нурафшон ситора.

пешина
аз 143
навбатӣ