Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳавои шаб ҳузури рўҳу ҷон буд,
Замин сабзу мусаффо осмон буд.
Маҳи апрел дар иди баҳорӣ,
Ба гул лўълўи тар бахшид, оре…
Гули гелос дар чанги ҳаво буд,
Барои ҳамл олу ғунчаво буд.
Бунафша дар лаби ҷў ноз мекард,
Гули садбарг чашмаш боз мекард.
Чакидан дошт чак-чак шираи ток,
Тапидан дошт аз гармӣ дили хок,
Дарахтон дар умеди бор буданд,
Ҳама дар ними шаб пуркор буданд.
Ҳама монанди ман бо интизорӣ,
Ғанӣ буданд аз боди баҳорӣ.
Шуморо – бороранда дарахтон,
Шудам чун гавҳари чашмам нигаҳбон.
Шинондам, об додам, парваридам,
Нахустин меваҳотонро чашидам.
Шумо аз нав ҳавои бор доред,
Ба оянда самарбахш интизоред.
Дар ин ҳангом монанди шумоям,
Чунин асту чунин дардам, давоям.
Ба чашмонам шуданд ин дам намоён
Таваллудхонаву дунёи тифлон.
Мулоқоти якум

Саҳар шуд, шаҳр ҳам омад ба таҳрик,
Мунаввар шуд фазои кўҳи тоҷик.
Ба тан пўшида ҷелак, – ҷомаи суф,
Дигар ташвишҳоро монда мавқуф,
Фитодам дар ҷаҳони серҷанҷол, –
Ба дунёи пур аз фарёди атфол.
Чи дар хона, чи дар раҳрав - каридор,
Ба гўшам мерасид овози бисёр.
Яке фарёд лўлакпеч мезад,
Дигар поро ба по бе ҳеҷ мезад,
Яке чашмони худ накшода ҳоло
Ғизо меҷуст во карда даҳонро.
Рақамҳо-нумраҳо буданд авезон
Ба дасти дўстрў гирянда хурдон.
Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст,
Ба модар з-аввалин соат шинос аст.
Чӣ сон нашносад овози дилашро?
Давоми умр, парвози дилашро?
Ба модар нури чашмон аст фарзанд,
Даванда реша дар ҷон аст фарзанд.
Гирифта доя тифлеро ба оғўш,
Баромад аз даре мағрур, хомўш.
Агарчи доя ҳоло худ ҷавон буд,
Валекин кўдаконро меҳрбон буд.
Расад рўзе, ки худ фарзанд бинад,
Чу модар назди фарзандон нишинад.
Дилам хоҳад, ки бошад шоду хурсанд,
Набинад ҳеҷ дарду доғи фарзанд.
Назар кардам ба тиллоранг мўяш,
Ба чашмони кабудаш, сурх рўяш,
Чунин духтар, чунин симои хушгил,
Кӣ медонад, киро хуш карда дар дил?

пешина
аз 143
навбатӣ