Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин хона-таваллудгоҳи инсон
Нигаҳ кардам ба рангоранг тифлон,
Яке бе мўй буду сап-сафедак,
Дигар мўйи сияҳ буд печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҷом,
Яке шакле гирифта, дигаре хом.
Ба хона, аз қафои як тиреза,
Нигаҳ мекард марде бо ситеза.
Ба кин мўйи лабашро тоб медод,
Қасам бар хулқу бар одоб медод.
Кушода чашмро чун шоҳкоса,
Занашро таъна мезад он, хулоса,
Ба ман гуфтанд, ки аз зан қимоб аст,
Зи духтар зодани зан дар азоб аст.
Намехоҳад, ки бинад духтарашро,
Муборакбод гўяд модарашро.
Ба дил гуфтам, ки: «Ҷоҳил мард будаст,
Тани моро нишаста гард будаст».
Ба ҷойи ў сано гуфтам худи ман
Ба ин навзод духтарча, ба ин зан.
Сано гуфтам ба занҳое, ки имрўз
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсўз.
Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,
Ба ҳар як модари дорои фарзанд.
Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав
Шавад фардо ба модарҳо-ш пайрав.
Азизи халқ, донишманд гардад,
Ба кори судовар банд гардад.
Агар марде шавад пайдо, ки онро
Кунад таҳқир, ранҷонад занонро,
Чунин номардро нодон шуморад,
Ба дарё ташна бурда, ташна орад.
Ба момо дўхтам чашмони худро,
Гирифтам дар шиканҷа ҷони худро.

пешина
аз 143
навбатӣ