Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Дар ин ҷо Тоҷикистон кард оғўш,
Бародар халқҳоро гарм, пурҷўш.
Ба ин ҷо дўстӣ омад ба тоҷик,
Ба ин ҷо омад аз ҳар сўй табрик.
Ба ин ҷо ҳолдон Куйбишев омад,
Ба наздаш косибу деҳқон баромад.
Вакили партия овард табрик
Ба муздурони кўҳистони тоҷик.
Расидам ман ба ин дарвозаи шаҳр,
Шунидам васфи шаҳр, овозаи шаҳр.
Аз ин дарвоза модарҳо ба ҳар сў,
Гуселонанд фарзандони дилҷў.
Яке гардан ба гардан монда бо дўст,
Дигар ғарқи ҷамоли ёри некўст.
Дар ин ҷо пойтахт омад ба дунё,
Дар ин ҷо оҳи мо гардид боло.
Дар ин ҷо сар шавад дидорбинӣ,
Дар ин ҷо унсгирию қаринӣ.
Дар ин ҷо ашки васлу ашки ҳиҷрон,
Дар ин ҷо ошиқон хандону гирён.
Дар ин ҷо роҳпоӣ, интизорист,
Барои дўст ҷону дилсупорист.
Дар ин ҷо бўсаҳои нарм бинӣ,
Дар ин ҷо ноз бинӣ, шарм бинӣ.
Аз ин ҷо шаҳри мо овоза дорад,
Чунин вокзал, чунин дарвоза дорад.
Ба ёдам ҳаст даврони амирӣ,
Ҳисори куҳна – маъвои асирӣ.
Ҳисори куҳна ҳам дарвозае дошт,
Ҷафову ҷаври беандозае дошт.
Дар он ҷо дасти хунин буд боло,
Фалак мекард аз ин даст парво.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё