Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он ҷо мадраса, масҷид ҳам буд,
Намозу рўзаву таҳдид ҳам буд.
Дар он ҷо одамон бозор диданд,
Дар он бозор банду дор диданд.
Дар он ҷо қалъаи ҳокимнишин буд,
Замин ҳам аз фишори он ғамин буд.
Ба зери қалъа зиндон кор мекард,
Ба одам во даҳон чун ғор мекард.
Ту аз дарвоза ҳайрон мегузаштӣ,
Ба хун оғушта нолон мегузаштӣ.
Дар он ҷо каллабур дарвозабон буд,
Хироҷи мамлакат ҷон буд, ҷон буд.
Дар он ҷо фитнагар найранг мекард,
Бародар бо бародар ҷанг мекард.
Дар он ҷо сарзамини офтобӣ
Ниҳон мегашт дар хоки харобӣ.
Дар он ҷо дуд аз вайрона мехест,
Фиғону нола аз ҳар хона мехест.
Дар он ҷо қадри кас помол мегашт,
Ба ҳоким вақф молу ҳол мегашт.
Фиристоданд амирони Бухоро
Ба он ҷо ҷаҳл, ҳам ҷабру ҷафоро.
Валекин дар иваз аз камбағалҳо
Талаб карданд асбоби тарабро.
Амир аз ранҷи мо ганҷина месохт,
Ба қасри зулм нав - нав зина месохт.
Равон шуд зар ба он ҷо дона-дона,
Ба мисли ашки мо бо ҳар баҳона.
Ба он дарвоза каргас лона мемонд,
Аҷуз аз девҳо афсона мехонд.
Дар он ҷо рўди кўҳӣ дар фиғон буд,
Фиканда дар ҷабин чинҳо равон буд.
Сари худро ба санги хора мезад,
Ба ёди мискину бечора мезад.

пешина
аз 143
навбатӣ