Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ду чашми ман ба дарҳои вагон шуд,
Мана, аз дар адиби мо аён шуд.
Намоён гашт фарзанди Бухоро,
Ҳамон тавре, ки дидӣ дар «Алифбо».
Сафедӣ ришро ишғол карда,
Танашро хастагӣ беҳол карда,
Валекин дил ҷавон, пурҷўш сина,
Асо дар даст по монад ба зина,
Қариб аз нур монда чашмҳояш,
Шуда ларзон садояш, дасту пояш.
Адиби хешро оғўш кардем,
Заданҳои дилашро гўш кардем.
Ба устоди қаламкаш дод пайғом,
Тамоми шаҳр аз ҳар як дару бом.
Салом омад, дуруд омад ба Айнӣ,
Саломи чун суруд омад ба Айнӣ.
Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,
Ки бинам рўйи ду инсони дилхоҳ.
Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,
Дигар панди ману устоди ман буд.

Дар боғ

Сухан ронам ман аз боғи дилоро,
Намоям ошно бо вай шуморо.
Шумо дар боғ сайри нур бинед,
Дили худро аз он масрур бинед.
Чароғи ҷовидонӣ дар фурўз аст,
Дурахшон чеҳраи рўз аст, рўз аст.
Қалам, коғаз, сиёҳӣ буд дар пеш,
Адиби пир бо андешаи хеш.
Сухандонро басе хушҳол кардем,
Ду соат пеш истиқбол кардем.
Табиат ҳам ба истиқболаш омад,
Чаман дар пурсиши аҳволаш омад.

пешина
аз 143
навбатӣ